Нигаронии 3 созмони журналистӣ аз дахолат ба ҳаёти хабарнигорон

© Flickr \ Salim FadhleyЗаписи в блокноте
Записи в блокноте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз даст ёфтани баъзе афрод ба иттилоии хусусии хабарнигорони мустақил ва дахолат ба зиндагии онҳо изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо мегӯянд, ҳадаф аз ин "ҳамла" бастани даҳони журналистон аст.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Се созмони журналистии Тоҷикистон аз "даст ёфтани баъзе афроду гурӯҳҳо ба иттилои шахсии хабарнигорони мустақил" дар кишвар изҳори нигаронӣ карданд, менависад сомонаи НАНСМИТ.

Иттиҳодияи журналистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон рӯзи 16 феврал бо нашри баёнияе гуфтанд, вақтҳои охир нашри аксу сӯҳбатҳои худмонии журналистони мустақил ба унвони "фишори равонӣ" ва "бадном кардани онҳо" сурат мегирад.

"Вақтҳои охир бо таъқибу фишори равонӣ, паҳн кардани иттилоъ дар бораи зиндагии хусусӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо мехоҳанд, онҳоро дар назди аҳолӣ бадном кунанд", — таъкид шудааст дар изҳорот.

Дар ин изҳорот, ки бо имзои Акбари Саттор ва Нуриддин Қаршибоев нашр шудааст, инчунин, гуфта мешавад, ки баъзе афрод бо номҳои мустаор чунин иттилои махфии шахсӣ ва кории журналистонро паҳн мекунанд, ки "баёнгари дастрасии ғайриқонунии онҳо ба иттилоои хусусии хабарнигорон аст". Ба қавли онҳо, объекти чунин ҳамлаҳо бештар журналистоне қарор мегиранд, ки мустақил буда, фикру назар ва мавқеи худро доранд.

Нигаронии ин се созмони журналистии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан бархе аз корбарони шабакаи Фейсбук "номаҳои махфии" баъзе аз журналистонро чоп карда, ба ҷузъиёти зиндагии онҳо низ дахл намуданд. Ҳарчанд дақиқ шудааст, ки имейли баъзе аз хабарнигоронро "шикастаанд", аммо рӯшан нест, ин номаҳоро воқеан худи онҳо навиштаанд ва ё бо истифода аз имейлу номи онҳо навишта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0