ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раиси ҷумҳури Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сисӣ ба шаҳрвандонаш сафар ба Либияро манъ карда дастур дод, ки барои бозгашти атбоъи Миср аз ин кишвар мусоидат кунанд, хабар медиҳад РИА Новости.
"Дастур додам, ки куллияи иқдомот барои монеъ шудан аз сафари атбоъи Миср ба Либия ва бозпас овардани шаҳрвандони мисрӣ аз он ҷо мусоидат кунанд", — гуфт раҳбари кишвар тавассути телевизиони миллӣ.
Дар Миср мотами ҳафтрӯза эълом шудааст.
Ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" (ДИ) рӯзи якшанбе дар шабакаҳои интернетӣ навореро ба намоиш гузоштанд, ки дар он қатли 21 моҳидорони мисрӣ инъикос ёфтааст. Расонаҳо рӯзи якшанбе аз рабуда шудани моҳидрон аз сӯйи афроди низомӣ хабар дода буданд.
Дар авохири соли гузашта ҷангҷӯён дар шаҳри Сирти Либия гурӯҳе аз коргарони мисрӣ насрониҳои қибтиро ба асорат гирифтанд. Дертар мушшахас шуд, ки гурӯҳи "ДИ" ин афродро ба қатл расонидааст.
Гурӯҳе аз "ДИ" рӯзи ҷумъа дар маркази шаҳри Сирт, дар 500 километрии шарқи пойтахти Либия, шаҳри Триполӣ пойгоҳи родиоиро забт карданд.