Ҳизби ҳоким паёмакҳои тарғиботӣ ирсол мекунад

© Sputnik / Фируз УмарзодаСмс- паёмак
Смс- паёмак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, дар таблиғоти пешазинтихоботӣ аз SMS-паёмакҳо фаровон истифода мекунад.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ мегӯяд, аллакай ба мардум ҳудуди 40-50 ҳазор пайёмак фиристоданд. Дар ин SMS-ҳо як шиори ҳизб пешниҳод ва аз муштарӣ хоҳиш мешавад, то дар интихоботи парлумонӣ ба ҷонибдорӣ аз ҲХДТ овоз бидиҳанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

Ба қавли оқои Солеҳ, "Ояндаро мо бо ҳам месозем", "Мо созандагони Ватанем", "Мо бо халқем ва халқ бо мост", "Рисолати мо ободониву шукуфоии Ватан аст", "Ҳизби халқ барои халқ аст", "Ҳизби ояндасози миллат" аз шиорҳоеанд, ки тавассути паёмак ба интихобкунандаҳо ирсол мешавад.

"Бо ҳамин хел гапҳои мухтасар равон мекунем ва дар поёнаш хоҳиш мекунем ба тарафдории ҳизби мо овоз диҳед. Ин кор таъсисри хуб ҳам расонида истодааст. Аллакай 15-20 рӯз мешавад, ки мо дар ин маврид кор бурда истодаем. Ҳоло як давраи нави илму техника, умуман технологияҳои нави таблиғу ташвиқ барои ширкат дар интихоботҳо пайдо шуда истодааст, аз ҷумла истифода аз шабакаҳои интернетӣ, шабакҳои мобилӣ, ки мо ҳам аз ин воситаҳо хуб истифода бурда истодаем",-афзудааст оқои Солеҳ.

Ба қавли ӯ, тавассути паёмакҳо таблиғ кардани ҳизб як шакли нави тарғибот аст, ки аз сӯйи раҳбарияти ҳизб пешниҳод шуда ва бо истифода аз маблағҳое, ки барои интихобот ихтисос ёфтааст, ин корро амалӣ мекунанд.

Идеяи таъсиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон соли соли 1993 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид ва 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи кишвар онро сабти ном кард. ҲХДТ миёни 7 ҳизби дигари фаъоли кишвар аз ҳама бештар аъзо дошта дар парлумон низ аксари курсиҳоро дар ихтиёр дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0