ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфтааст, базудӣ аз ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон даъват мекунад, ки бо сафаре ба Кобул биёяд, менависад "Радиои Озодӣ".
Аҳмадзай аз ҷузъиёти ин даъваташ чизе ба забон наоварда ва нагуфтааст, дар ин дидор бо Эмомалӣ Раҳмон чӣ масоилеро баррасӣ хоҳанд кард.
Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, Ашрафғанӣ Аҳмадзай ин ҳарфҳоро дар мулоқти рӯзи ҷумъааш бо сафирони ин кишвар дар Эрон, Покистон, Чин, Ҳинд, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон баён кардааст. Дар ин мулоқот Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон ва Абдулғафури Орзу, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар мулоқоти Аҳмадзай сафирон дар мавриди чигунагии равобит бо ҳамсояҳо ва тасвире, ки аз Афғонистон дар ин кишварҳо вуҷуд дорад ва корҳои анҷомшуда маълумот ироа карда ва пешниҳодҳояшонро барои густариши бештари равобит миёни Афғонистону ин кишварҳо баён кардаанд.
Аҳмадзай гуфтааст, ҳалқаи аввали сиёсати хориҷии кишварашро ҳамсояҳо, ба шумули Ҳинд ташкил медиҳанд ва дар ҳоли ҳозир равобити Кобул бо кишварҳои ҳамсоя ҳамаҷониба буда ва дар ҳоли тағйир аст. Ӯ ҳамзамон дар ин мулоқот таъкид кардааст, Афғонистон хатаре ба ҳеч кишвар, хусусан кишварҳои ҳамсоя нест ва нахоҳад буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори ахир дар Наврӯзи соли гузашта ва дар замони раҳбарии Ҳомид Карзай ба Кобул сафар карда буд. Оқои Аҳмадзай то кунун аз Чин, Покистон ва Туркманистон дидан намудааст.
Пас аз сари қудрат омадани ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар пайи як интихоботи ҷанҷолбарангез, то кунун ҳеч яке аз мақомоти баландпояи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон аз Душанбе боздид накардааст.
Охири моҳи октябр Шукурҷон Зуҳуров, дар раъси ҳайате мақомоти тоҷик дар маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳур ва раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон иштирок карда буд. Ба дунболи маросими савгандёдкунии Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба унвони раиси ҷумҳур, сафири Тоҷикистон дар Кобул Имомиддин Шарофоф низ бо ӯ мулоқот анҷом дода буд.