Имкони интихоби Назарбоев ба курсии президентӣ қабл аз мӯҳлат

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкНурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ
Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони АХҚ ба далели вазъи печидаи сиёсӣ ва риъояи муқаррароти Қонуни асосӣ баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати раиси ҷумҳури Қазоқистонро тақозо карданд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Анҷумани халқи Қазоқистон (АХҚ) 14 феврал баргузории интихоботи қабл аз мӯҳлати раёсати ҷумҳуриро пешниҳод карданд, хабар медиҳад CA-NEWS бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

Рӯзи шанбеи 14 феврал дар Остона ҷаласаи шӯрои Анҷумани халқи Қазоқистон баргузор шуд ва вакилон якдилона ба пешниҳоди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии қабл аз мӯҳлат раъй доданд.

"Интизор меравад, ки вазъи ниҳоии бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ дар соли 2016 фаро мерасад ва бо дарназардошти вазъи печидаи сиёсӣ дар ҷаҳон ин иқдом саривақтӣ аст", — гуфт вакил Куаниш Султонов.

Дар муроҷиатномаи аъзои АХҚ ба мардуми кишвар омадааст, ки "ба Нурсултон Назарбоев барои гузори муввафақ аз душвориҳои ҷаҳонӣ бояд эътимодномаи умумимиллии ҷадид дода шавад".

"Дар марҳилаи ҷадид ва душвори печидагиҳои ҷаҳонӣ ба Елбасӣ Назарбоев бояд эътимод дода шавад, то кишвар аз масири стретегии худ канор нарафта масири худ барои бозсозии кулли кишвар ва расидаги ба ҳадафи шомил шудан ба феҳрасти 30 кишвари пешрафтаи ҷаҳон идома диҳад", — зикр мешавад дар санад.

Аъзои АХҚ бар ин назаранд, ки эътимодномаи ҷадид ба раҳбари кишвар ба сарҷамъии миллат дар марҳилаи ҷадиди рушди ҷаҳонӣ мусоъидат карда ба тамаркузи талош барои расидан ба аҳдофи умдаи рушди кишвар кӯмак мекунад.

"Муҳим аст, ки тавассути баргузории интихоботи қабл аз мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ рушди иқтисод ва идомаи сиёсати ҷорӣ таъмин карда шаванд. Ин пешниҳод усулан бидуни иқдомоти дигар аст", — зикр мешавад дар муроҷиатнома.

Ба ҷуз аз ин, таъкид мекунанд аъзои АХҚ, дар соли ояндаи 2016 ҳамзамон замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ фаро мерасанд. "Ба манзури риоъяи муқаррароти Қонуни асосӣ баргузории аз ҳам ҷудои ин интихобот муъассир хоҳад буд", — зикр мешавад дар санад.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар Қозоқистон низ қабл аз мӯҳлат, 3 апрели соли 2011 баргузор шуда буданд. Ба унвони номзад ба симмати раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, дабири комитети марказии Ҳизби халқии коммунистони Қазоқистон Жамбил Ахметбеков, раиси Ҳизби фидоиёни Қазоқистон, вакили порлумон Ғанӣ Қосимов ва раҳбари созмони зистмуҳитии "Табиат" Мэлс Елеусизов сабти ном шуда буданд.

5 апрел КМИ ҷумҳурӣ натоиҷи ниҳоии интихоботро эълом кард, ки тибқи он раиси ҷумҳури феълӣ Нурсултон Назарбоев 95,55%, Ғанӣ Қосимов 1,94%, Жамбил Ахметбеков 1,36%, Мэлс Елеусизов 1,15% раъйи интихобкунандагонро соҳиб шуданд.

Лентаи хабарҳо
0