ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Хазина ба асри XVI, замони салтанати сулолаи Шайбониён рабт дошта, ҷамъан 61 тангаро дарбар мегирад, иттилоъ медиҳад CA-News бо истинод ба рӯзномаи "Правда Востока".
Дафина 281 грамм вазн дорад ва охири соли гузашта аснои корҳои таъмиру тармим дар хиёбони ба номи Амир Темур дар Шаҳрисабзи Ӯзбакистон пайдо гардидааст.
"Бостоншиноси осорхонаи мо муайян кардаанд, ки тангаҳо дар чоряки аввали асри XVI омода шуда, ба замони салтанати Шайбонихон мансубанд",- иброз дошт Набӣ Хушвақтов, директори осорхонаи фарҳангии ба номи Амир Темур.
Шаҳрисабз дар 80 километрии марзи Тоҷикистон қарор дошта, шаҳри таърихӣ маҳсуб мегардад. Ин макон ҳамчун зодгоҳи Темурланг шӯҳрат дорад.
Шайбониён, ки баромадашон аз хонаводаи Чингизхон аст дар аввали асри XVI Самарқандро забт карда, ҳукуматро аз темуриён кашида гирифтанд.