Ҳамакнун дар Русия мураббо ва хушкмеваи тоҷикиро мефурӯшанд

© Sputnik / Валерий Левитин / Гузариш ба медиабонкХушкмева. Акс аз бойгонӣ
Хушкмева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарордоди бузургтарин ба маблағи $1 миллион дар намоишгоҳи байналмиллалӣ миёни ширкатҳои Исфара ва Москав имзо шуд.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ширкатҳои Тоҷикистон, ки ба коркарди тавлидоти кишоварзӣ машғуланд, бо ширкатҳои русӣ барои афзоиши содироти ин тавлидот ба бозори Русия музокирот мекунанд, омадааст дар хабари ПТС Тоҷикистон.

Яке аз қарордодҳои бузург ба маблағи як миллион доллар миёни ширкати "Исфара" ва ширкати "Фруктовие линии" Русия дар ҷараёни намоишгоҳи 21 маводди ғизо, нӯшокӣ ва маводди тавлиди онҳо "Продекспо-2015" дар Москав имзо шудааст.

"Ширкати суғдии "ОРО Исфара" ва ширкати москвагии "Фруктовие линии" ҳамчунин бо раҳбарии ширкати туркии "Santa Vita" Мустафо Чинор санади ҳусни тафоҳуми сеҷониба дар мавриди содироти мева ва хушкмеваи тоҷик ба Туркия ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо имзо карданд", — омадааст дар хабар.

"Субҳи Ватан", як ширкати дигари тоҷикистонӣ бо ҳамтоёни русӣ дар бораи содироти мураббо аз биҳӣ, олуча, себ, нок, ангур, олу ва анвои дигари меваи дар Тоҷикистон парварида ба манотиқи мухталифи Русия музокирот анҷом медиҳад.

Ҳамчунин миёни ширкатҳои "Баракат" ва ширкати "АГРОТЕХСЕРВИС" (Владивосток, Русия) дар бораи содироти мева ва пиёз ба манотиқи Русия музокирот идома дорад.

"Ҳузури ширкатҳои пешсаф аз Тоҷикистон дар "Продекспо-2015" мавқеъи онҳо дар бозори ғизоии Русия тақвият дода шароитро барои пайдо кардани шарикони ҷадид мусоъидат мекунад. Тавлидкунандагони хориҷӣ ва русӣ ба ҳангоми чашидан аз кайфияти хуби маводди ғизоиии Тоҷикистон таъкид карданд", — гуфт намояндаи ПТС Сайёра Абдуллоева.

Дар чаҳорчӯби ин намоишгоҳ озмунҳои байналмиллалии чашидани маводд ва озмуни "Ғизои беҳтарин", ки анвои мухталифи маводди ғизоиро фаро мегирад, баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0