Раҳмон раиси "Талко" ва чанд мансабдори дигарро иваз кард

© Официальный сайт ТАЛКОКорхонаи алюминиуми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо қарори дигари раиси ҳукумат, Абдураҳим Холиқзода "бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш" аз вазифаи раиси Кумитаи дин барканор гардидааст.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Раисҷумҳур бо имзои як қатор фармонҳо, 13 феврал иддае аз мансабдоронро барканор ва иддаи дигарро ҷойгузин кард, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии президент.

Бино бар ин тағйирот, Сулаймон Давлатов — ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам раиси нави Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таъйин шудааст.

Бо қарори дигари раиси ҳукумат, Абдураҳим Холиқзода "бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш" аз вазифаи раиси Кумитаи дин барканор гардидааст.

Тоҷиддин Асомуддинзода, ки то ин замон муовини аввали раиси Кумити дини Тоҷикистон буд, раҳбари нави Донишкадаи исломӣ таъин шудааст. Инчунин, бо фармони нави Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Муродулло Давлатов — номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз раёсати Маркази исломшиносӣ барканор шуда, ҷои худро ба Файзулло Бобоев додааст.

Бо фармони дигар, Садридин Шарипов аз вазифаи Директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» озод шуда, курсиашро ба Абдураҳмон Ҷӯраев додааст.

Лентаи хабарҳо
0