ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ барои кӯмак ба Афғонистон ҳашт миллиард евро ихтисос медиҳад, хабар медиҳад "Ca-news" бо истинод ба раҳбари намояндагии ИА дар Тоҷикистон, сафир Ҳидоят Бишчевич.
Бишчевич рӯзи ҷумъа изҳор дошт, ки кишварҳои минтақа ва ҷомеъаи ҷаҳониро дар маҷмӯъ зарур аст, ки Афғонистон минбаъд ҳаргиз пойгоҳи гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро нашавад, ки онҳо тавонанд аз он ҷо бидуни муҷозот аъмоли худро анҷом бидиҳанд.
Ба гуфтаи вай, ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои тақвияти ниҳодҳои сиёсӣ ва амниятии Афғонистон ва барои таъмини суббот ва амният маболиғи зиёде масраф кардаанд.
"Таъаҳуддоте, ки аз сӯйи сармоягузорон соли гузашта дар Нюпорте ва Лондон қабул шудаанд, гувоҳи он аст, кӯмакҳо ба ин кишвар ҳатто бидуни ҳузри нерӯҳои байналмиллалии низомӣ дар Афғонистон, идома меёбанд. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ имсол барои кӯмак ба Афғонистон 8 миллиард евро ихтисос медиҳад. Ин маблағи ҳангуфт аст", — хабар дод сафир.
Вай таъкид кард, ки сармоягузории ИА то соли 2020 бузургтарин сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар як кишвар аст.
"Ба ин далел, ки Афғонистон "ба ҳоли худ гузошта шудааст" гуфтан комилан нодуруст аст. Дар солҳои фаъолияти иттиҳоди байналмиллалӣ, зарфияти нерӯҳои мусаллаҳ ва амниятии Афғонистон ба маротиб тақвият ёфт. Ҳоло ҳудуди 400 000 ҳазор низомиён омода ва омӯзиш дода шудаанд", — гуфт Бишевич.
Сафир изҳори итминон кард, ки мақомоти Афғонистон метавонанд ба хатарот аз гурӯҳҳои низомӣ расидагӣ кунанд. Ба ҷуз аз таъмини амният вай ҳамчунин ба вуҷуди фасод ва маводди мухаддир таъкид кард, ки асосҳои идораи муъассир на танҳо дар Афғонистон, балки дар тамоми минтақаро душвор месозад.
Ба эътиқоди вай, барои ҳалли ин мушкилот ҳамгироӣ дар сатҳи минтақавӣ зарур аст.