ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Раиси Комиссияи аврупоӣ Жан-Клод Юнкер бар ин назар аст, ки бо дарназардошти тавофуқоти ба даст омадаи Минск ҳоло вақти роҳандозии таҳримоти ҷадид алайҳи ФР нест, хабар медиҳад РИА Новости.
"Ман бар ин назарам, ки ба ростӣ, бо ризоияти аврупоӣ баъд аз расидагӣ ба тавофуқоти Минск ҳоло вақти роҳандозии таҳримот нест", — гуфт вай ба хабарнигорон қабл аз оғози ҳамоиши ИА.
Дар санаде, ки рӯзи панҷшанбе дар Минск пазируфта шуд, дар бораи назорати муосири раванди оташбас ва канор бурдани васоили ҷангии сангин аз сӯйи САҲА "аз рӯзи аввали канорбарӣ бо истифода аз васоили фаннии зарурӣ, аз ҷумла моҳвораҳо, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва васоили назоратӣ" таъкид шудааст.
Гузашта аз ин, ихроҷи куллияи ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳи хориҷӣ, васоили фаннии низомӣ ва зархаридон аз қаламрави Украина бояд таҳти назорати САҲА сурат бигирад.