Расонаҳо: Фаронса моликияти Гулнора Каримоваро ҳабс кард

© Sputnik / Валерий Левитин / Гузариш ба медиабонкГулнора Каримова. Акс аз бойгонӣ
Гулнора Каримова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муфаттишон бар ин назаранд, ки барои харидории ин моликият қисме аз маболиғи дар пайи фасодкорӣ ба даст омада, аз ҷумла маболиғи аз сӯйи ширкатҳои шветсиягӣ, русӣ ва голландӣ барои ворид шудан ба бозори мухобироти Ӯзбекистон пардохт шуда, истифода шудааст.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Додгоҳи Фаронса моликияти духтари бузурги раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Гулнора Каримоваро дар чорчӯби таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии фасодкорӣ ва пулшӯӣ ҳабс кардааст, хабар медиҳад "Фергана" бо истинод ба Agence France-Presse.

Ба иттилоъи хабаргузорӣ, дар моҳи сентябри 2014 судя Серж Турнер (Serge Tournaire), ки мавориди эҳтимолии "шустушӯи пул аз сӯйи гурӯҳи ҷиноӣ" ва "аъмоли фасодкории атбоъи воломақоми хориҷӣ"-ро таҳқиқ мекунад, дар бораи ҳабси кохи Груссе, ки дар моҳи июни соли 2011 ба 28 млн евро харидорӣ шудааст, манзили боҳашамат дар Гассин, дар наздикии Сан-Тропе (2,4 млн евро, июли соли 2010) ва манзил дар минтақаи шӯҳратдори шонздаҳуми Париж (20 млн евро, ноябри соли 2009) қарор содир кард.

Ин моликият аз сӯйи ширкатҳои Studio Invest, Invest Service Group ва Ruby International харидорӣ шудааст, вале таҳқиқот собит сохтааст, ки дар паси ин ширкатҳо Гулнора Каримова ва шавҳари ғайрирасмии вай Рустам Мадумаров меистанд.

Бозрасон бар ин назаранд, ки барои харидории ин моликият қисме аз маболиғи дар пайи фасодкорӣ ба даст омада, аз ҷумла маболиғи аз сӯйи ширкатҳои шветсиягӣ, русӣ ва голландӣ барои ворид шудан ба бозори мухобироти Ӯзбекистон пардохт шуда, истифода шудааст.

Таҳқиқот собит кардааст, ки аз моҳи декабри соли 2007 то моҳи ноябри соли 2010 Каримова бар ивази муҷҷавиз тавассути ширкати дар Гибралтар сабти ном шуда ҳудуди $324 млн дарёфт кардааст.

Эҳтимол меравад, менависад расона, ин ширкати гибралтарӣ Takilant мебошад, ки дар маркази қазияи фасодкории марбут ба роҳ ёфтани ширкатҳои Coscom ва VimpelCom Ltd ба бозори мухобиротии Ӯзбекистон қарор гирифтааст.

Ширкати Takilant ба номи Гаяне Авакян, ёвари хусусӣ ва шахси боэътимоди Гулнора Каримова сабти ном шудааст. Авакян аллакай муҷозот шудааст, Каримова — тибқи иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0