ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Гурӯҳи нозирон аз Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ барои назорат ба раванди интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Душанбе парвоз кард, хабар медиҳад рӯзи чаҳоршанбе сойти ин ниҳод.
Қаблан гузориш шуда буд, ки аз ин ниҳод 15 нафар ба унвони нозир сабти ном шудаанд.
"12-13 феврал нозирон чанд мулоқот ва боздид аз чанд ҳавзаи интихоботиро дар нақша гирифтаанд", — омадааст дар хабар.
Ба ин ҳайъати таҳти раҳбарии раиси комиссияи ҳуқуқи инсон, равобити миллӣ ва расонаҳои маҷлиси поёнии порлумони Белорус Андрей Наумович мудири Донишкадаи байналмиллалии назорат бар рушди демократия, порлумони ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар ИДМ Андрей Баранов, раҳбари гурӯҳи мушовирон Дмитрий Баришников, муъовини мудири пажӯишгоҳ Денис Жук ва коршиноси ин созмон Алексей Картсов шомил ҳастанд.
Зикр мешавад, ки нозирон бо раҳбарони аҳзоб, раҳбарияти КМИҲ ва ҳамчунин бо ҳамтоёни худ аз созмонҳои байналмиллалии дигар дидорҳо хоҳанд дошт. Баъд аз дидор аз бархе ҳавзаҳои интихоботӣ онҳо барои намояндагони расонаҳои нишасти хабарӣ баргузор мекунанд.
Ҳайъати кӯтоҳмуддати нозирон аз ИДМ, ки онро раиси Кумитаи иҷроияи ин созмон Сергей Лебедев раҳбарӣ мекунад, чанд рӯз қабл аз баргузории интихобот ба Тоҷикистон меояд.
Феълан ба унвони нозирон намояндагони САҲА ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сабти ном шудаанд. Ҳайъати нозирони САҲА, ки 20 январ ба фаъолият оғоз кард, аз 30 нафар иборат аст, аз СҲШ се намоянда меоянд.
Дар маҷмӯъ раванди интихоботро беш аз 500 нозир аз созмонҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ ва кишварҳои ҷудогона назорат хоҳанд кард.
Интихоботи ҳайъати панҷуми Маҷлиси намояндагон 1 март баргузор мешавад. Аз феҳрастҳои ҳизбӣ 22 вакил ва аз ҳавзаҳои ҷудогона 41 вакил интихоб хоҳанд шуд.