Расонаҳо: Порошенко дар бораи шартҳои “ғайри қобили қабули” Русия гуфт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРаиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко. Акс аз бойгонӣ
Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи анҷоми ҳамоише, ки беш аз ним шабонарӯз дар Минск идома дошт, имзои санаде дар бораи ҳалли бӯҳрони Донбасс аз сӯйи руасои ҷумҳури Русия, Фаронса, Украина ва садри аъзами Олмон дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко изҳор дошт, ки аз музокироти Минск ҳанӯз хабари хуше нест ва бархе аз пешниҳодоти ҷониби Русия "қобили қабул нестанд", хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Франс Пресс.

"Мутаъассифона, ҳанӯз хабари хуше нест. Феълан ҳеҷ хабар. Вале умедворӣ ҳанӯз ҳаст", — гуфт вай ва дар бораи кадоме аз "шартҳои ғайри қобили қабули" ҷониби Русия изҳори назар кард.

Дар пайи анҷоми ин ҳамоиш, ки дар Минск беш аз ним шабонарӯз идома дошт, дар назар аст, ки руасои ҷумҳури Русия, Фаронса, Украина ва садри аъзами Олмон дар бораи ҳалли бӯҳрон дар Донбасс санадеро имзо мекунанд.

Санади дар Минск таҳия шуда оташбас аз 14-уми февралро дар назар дорад.

Лентаи хабарҳо
0