ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Алпомиш Акбаров, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, дархости ӯро барои иштироки озод дар баррасии парвандаҳои наваш қобили қабул гуфта, афзудааст, ки дар ин самт монеа вуҷуд нахоҳад дошт, менависад оҷонсии "Озодагон".
Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов гуфтааст, зерҳимояаш 12 феврал дар нахустин мурофиаи парвандаҳои наваш баромад карда, аз додрас хостааст, наздиконаш, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон дар мурофиаи парвандаҳои наваш иштирок кунанд, чун парвандаҳои нав сирф иқтисодӣ буда, муҳри махфӣ надоранд. Ба гуфтаи вакили дифоъ ин дархост аз ҷониби раисикунандаи мурофиа мақбул дониста шуд.
"Додрас таъкид кард, ки мурофиа озод аст ва ҳеч маҳдудияте вуҷуд надорад", — афзудааст Табаров.
Додрас гуфтааст, хулосаи ниҳоиро дар ин бора ва дар мавриди макони баргузории мурофиаҳо, рӯзи душанбеи 16-уми феврал эълон хоҳад кард.
Қаблан Зайд Саидов бо исроли як нома ба Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии Тоҷикистон шарт гузошт, дар сурати баргузории мурофиаҳо дар СИЗО аз иштирок дар он даст хоҳад кашид.