ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Ироъаи силоҳ ба Украина — роҳи ҳадди ақали ҳалли даргирӣ дар Донбасс аст, гуфтааст раиси ҷумҳури Латвия Андрис Берзинш, хабар медиҳад РИА Новости.
"Ҷанг ва ироъаи силоҳ ба Украина — роҳи ҳадди ақали ҳалли вазъ дар ин кишвар мебошад", — гуфт раиси ҷумҳур дар нишасти хабарии рӯзи чаҳоршанбе. Ба гуфтаи вай, дар масъалаи ироъаи силоҳ ба Украина Латвия аз сиёсати умумии ИА кор мегирад.
"ИМА мавзӯъи эҳтимоли ироъаи кӯмаки мустақими низомӣ ба Украинаро баррасӣ мекунанд", — гуфта буд қаблан ёвари раиси ҷумҳури ИМА да умури амнияти миллӣ Сюзан Райс.
Вай афзуд, ки ин масъала дар ҳоли баррасӣ аст. Вай ҳамчунин ироъаи кӯмаки мустақими низомӣ ба Украинаро иқдоми ҷиддӣ унвон карда гуфт, ки ИМА мехоҳанд ин иқдомро дар ҳамоҳангӣ бо шарикон рӯйи даст бигиранд.
Москав ба Вашингтон ҳушдор дода буд, ки тасмими ироъаи силоҳ ба Украина метавонад бӯҳрони ин кишварро ташдид кунад. Бештаре аз сиёсатмадорони аврупоӣ алайҳи ироъаи силоҳ ба Украина изҳори назар карданд.
Мақомоти Украина дар моҳи апрели соли гузашта алайҳи норозиёни табадуллоти давлатии моҳи феврали соли гузашта дар Донбасс амалиёти низомӣ оғоз карданд. Тибқи иттилоъи ахири СММ, то ҳол беш аз 5,3 ҳазор сокинони осоиштаи ин минтақа қурбонии ин даргирӣ шудаанд.
Ҷонибҳо бо миёнаравии Русия ва САҲА борҳо барои тавофуқ талошҳо карданд. Тирамоҳи гузашта ин иқдом ба коҳиши шиддати тирпарронӣ шуд, вале баъд аз таҷлили соли нав вазъият боз ҳам ташаннуҷ ёфт. Миқдори мушакборонҳо афзоиш ёфтанд, раҳбарияти нерӯҳои мусаллаҳи Украина изҳор доштанд, ки дар маҳаллоти даргир нерӯҳои худро тақвият медиҳанд. Ҷудоихоҳон ба навбаи худ ваъда доданд, ки "масири манотиқи даргириро тағйир медиҳанд", то аз мушакборони маҳаллоти аҳолинишин ҷилавгирӣ шавад.
ВКХ Русия бар ин назар аст, ки ҳаводиси ахир дар Донбасс таҳдидҳои хатарноки Киев барои ҳалли низомии вазъият дар ин минтақаро собит месозанд. 30 январ дар Минск музокироти навбатии сулҳомез баргузор шуданд, вале ҷонибҳо санади ниҳоиро имзо накарданд ва баррасии он идома дорад. Дертар Киев ва ҷумҳуриҳои худмухтор дар ҳошияи нокомӣ дар музокирот ҳамдигарро дар ташдиди даргирӣ муттаҳам карданд.