Аз Қазон 20 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ мекунанд

© Sputnik / Михаил Мордасов / Гузариш ба медиабонкБозрасии ИФМ Русия. Акс аз бойгонӣ
Бозрасии ИФМ Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бист шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи муқаррароти қавонини муҳоҷират интизори ихроҷ аз Русия ҳастанд ва чаҳор тан аз онҳо аснод надоранд.

ДУШАБЕ, 11 фев — Sputnik. Бист нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазон (Ҷумҳурии Тотористон) ихроҷ мешаванд, хабар медиҳад намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия.

"Феълан дар маркази нигаҳдории муввақати атбоъи хориҷӣ дар шаҳри Қазон 20 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки нисбати онҳо ба далели ҷароими маъмурӣ ҳукми додгоҳҳо дар бораи ихроҷ содир шудаанд", — омадааст дар хабар.

Ҳангоми сӯҳбати корманди намояндагӣ бо муҳоҷирони дар ин марказ қарор дошта, мушшахас шудааст, ки чаҳор нафар шаҳрванд аслан асноди шахсӣ надоранд. Ҳамакнун онҳо асноди заруриро аз консулгарӣ интизоранд.

Тибқи иттилоъи Идораи федероли муҳоҷирати Русия, дар соли 2014 аз ин кишвар ҳудуди 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0