Таъини додрасҳои нав аз сӯи президент

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои манбаъ, шаш нафар аз додрасҳои тозатаъйин зан будаанд.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 132 корманди мақомоти додгоҳӣ дар вилояту шаҳру навоҳии кишвар иваз шудаанд, хабар медиҳад сомонаи расмии президент.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ то кунун аз додрасҳои нав ёдоварӣ накарда, фақат гуфтааст, аз ин ҳисоб 49 нафарашон бори аввал ба курсии додрасӣ нишастаанд.

Ба иттилои манбаъ, шаш нафар аз додрасҳои тозатаъйин зан будаанд.

"Президент дар назди додрасҳои тозатаъин дар робита ба таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои давлат, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузоштааст", — менависад сомона.

Ҷаноби Раҳмон "ба роҳ надодани қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни худи кормандони соҳа, аз ҷумла ба амалҳои коррупсионӣ даст задани онҳо" низ таваҷҷуҳ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0