ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Теъдоди чашмраси атбоъи Русия пайравони ислом мебошанд, вале ҳамзамон онҳо муҳоҷир нестанд, гуфт рӯзи сешанбе Владимир Путин дар сӯҳбат бо Усқуфи Александрийск ва Африқо Федори 2 дар Коҳира, хабар медиҳад маркази матбуотии Кремл.
"Онҳо шаҳрвандони мо мебошанд ва онҳо ба ҷуз аз Русия дигар ватане надоранд. Ба ин далел мо чанд соли қабл тасмим гирифта ба унвони нозир узви Созмони конфаронси исломӣ шудем", — гуфт Путин.
Вай зикр кард, ки Русия кишвари гуногунадён аст ва теъдоди аслии сокинонаш пайравони мазҳаби шарқии уртудокс дини масеҳӣ мебошанд. Вале дар Русия тӯли асрҳо миёни намояндагони адёни мухталиф равобити вижае роҳандозӣ шудааст. Ин равобит бар пояи эҳтироми ҳамдигар, кӯмак ба ҳамдигар ва арзишҳои муштараки маънавӣ асос ёфтааст.
"Ман умедворам, ки бо чунин шеваи ҳамгироӣ миёни мардум, миёни адёни мухталиф мо талошҳои худро барои расидагӣ — бори дигар такрор мекунам — ба арзишҳои муштараки маънавӣ, барои ақоиди худ идома медиҳем", — таъкид кард раиси ҷумҳури Русия.
Дар навбати худ Патриарх Федори 2 гуфт, ки дар Миср зиндагӣ мекунад ва ҷамъияти пайравонаш ду ҳазор сола аст.
Ба гуфтаи вай, Миср — даричаест ба Африқо.
"Ҷамъияти пайравони ман куллияи Африқоро фаро мегирад, онҳо аз тамоми Африқо ҳастанд. Ман доимо машғули корам, ки бо фақирон дидор дошта бошам ва талош мекунам, ки дар ин ҷо, дар Миср насрониҳо ва мусалмонҳо сулҳомез зиндагӣ дошта бошанд", — таъкид кард Патриарх.