Гаравгони тоҷик дар Яман аз азияти кашидааш қисса кард

© Flickr \ William MurphyЦепи
Цепи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гулрухсор Рофиева, парастори тоҷик, ки дар Яман гаравгон шуда буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ қисса кард, ки гаравгонгирандаҳо ӯро бо занҷир баста азият медоданд ва ғизохӯриву обнӯшӣ намегузоштанд.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Наҳваи азияти парастори тоҷик Гулрухсор Роифева, ки дар Яман гаравгон гирифта шуда буд ва эҳсосоти озодии худро вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ қисса кардааст.

Рофиева баъд аз чанд моҳи асорат рӯзи душанбеи 9 феврал озод шуда буд.

"Маро зиёд азият медоданд. Дасту почаҳоямро бо занҷир баста буданд. Мардҳо маро латукӯб мекарданд. Обу ғизо намедоданд ва баъзан иҷоза намедоданд, ки ба ҳоҷатхона биравам", — гуфтааст вай ба Озодӣ.

Ба гуфтаи Рофиева, гаравгонгирандаҳо мехостанд бар ивазаш маблағ бигиранд ва ё "бародари яке аз онҳо, ки тӯли панҷ сол дар зиндон буд, озод шавад".

"9 феврал тахминан соати даҳи шаб хабар доданд, ки бародари онҳо аз зиндон озод шудааст, — қисса кардааст вай. — Онҳо гуфтанд, ки шабона ҷавоб додани ман хатарнок аст ва ваъда доданд, ки субҳ озод мекунанд. 10 феврал як зан наздам омада хабар дод, ки ман ба хонаам меравам. Инро гуфтанду маро ба як ҷойи муайян оварда озод карданд".

Вай гуфт, ки феълан дар бемористон қарор дорад ва вазъаш хуб аст.

ВАО: Гулрухсор Рофиева, табиби тоҷик аз асорат раҳо шуд

Сокини 36 солаи Панҷакент Гулрухсор Рофиева, ки дар бахши занонаи бемористони низомии Мариб ифои вазифа мекард, 29 октябри соли 2014 дар яке аз маҳаллоти шаҳр рабуда шуд. Вай мошини хидматиро, ки бояд ӯро то ҷойи кор мебурд, интизор нашуда пиёда ба бемористон меравад. Ин замон ӯро афроди ношинос гаравгон мегиранд.

Ин барои бори нахуст нест, ки атбои хориҷӣ дар Яман рабуда мешаванд. Дар ду соли ахир дар ин кишвар мавориди гаравгонгирии пизишки ӯзбектабор, ҳамчунин шаҳрвандони Бритониё, Олмон, Булғористон ва Лаҳистон мушоҳида шудаанд. Ба иттилои СММ, соли гузашта талоши рабудани корманди дипломатии олмонӣ рух додааст.

Соли 2011 пизишки тоҷик Ҳомид Овчибоев 43 рӯз гаравгон буд. Барои озодии Овчибоев гаравгонгирандагон аз ҳукумат 200 миллион доллар тақозо мекарданд. Вале бо мурури вақт ин тақозо нармтар шуд. Пизишк баъд аз пардохти маблағи камтар ва аз зиндон озод шудани чанд нафар озод карда шуд.

Дар Яман аз Тоҷикистон маъмулан пизишкон фаолият доранд, вале омори дақиқе дар ин бора нест. Вале ба иттилои ширкати русии "Здравэкспорт", феълан дар Яман 200 корманди тандурустии Тоҷикистон фаъолият доранд. Дар ду бемористони Мариб шаш нафар пизишки тоҷик кор мекунанд. Онҳо якҷо бо мақомоти маҳаллӣ дар хиёбонҳои шаҳр аксҳои Рофиеваро насб карда тавассути телевизиони маҳаллӣ аз гаравгонгирандаҳо дархости озодии вай шуданд, ки ба Яман ба манзури ироаи кӯмак омадааст.

Лентаи хабарҳо
0