Ҳалокати панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи роҳ дар Петербург

© Пресс-служба МЧС России / Гузариш ба медиабонкСадамаи нақлиётӣ дар роҳ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ дар роҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи як садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Санкт-Петербург - Пскови Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули ду зан ҷон бохтаанд.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ба навиштаи сойти намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ФР, ин фоҷиа соати 14:30-и рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ рух додааст ва ҳама қурбониёни ин ҳодиса сокинони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд  мебошанд.

Манбаъ афзуд, ҳалокшудагон- Фарҳод Яъқубов, Мунира Аҳмадова, Шаҳло Ҳоҷиева, Абдусаттор Қозиев ва Комилҷон Усмонов ҳастанд.  

Тибқи фарзияи мақомоти интизомӣ, дар сари чанбараки мошин хоби Фарҳод Яъқубов, сарнишини нақлиёт бурдааст ва мошини ӯ ба борбари "Волво" бархӯрдааст. Дар ҳоли ҳозир Хадамоти муҳоҷирати Тоҷкистон дар Русия омодагӣ дорад, ҷасадҳоро ба Тоҷикистон интиқол диҳад.

Ҳамчунин, рӯзи шашуми феврал дар пайи як садама дар Калуга, Расулова Шарофат Файзуллоевна соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Норак ба ҳалокат расидааст. Ҳамсари ӯ — Файзуллоев Сайфулло, ки мошинро идора мекардааст, дар беморхона бистарист.

Лентаи хабарҳо
0