ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бозии даври дуюми интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсиони футболи Осиё) — 2015 байни дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат ва "Sheikh Russel Krira Chakra"-и Бангладеш, ки 10-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт, иттилоъ медиҳад сомонаи ФФТ.
"Ҳамлагар Ҳасан Рустамов дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 22-юм, тӯбро бо сар ба дарвозаи меҳмонон ворид кард",- менависад манбаъ.
Доварони ин бозӣ бо раҳбарии довари ФИФА Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассим аз Қатар буданд.
Ба ин тартиб, "Хайр" дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 — бошгоҳи «Салом Ҷҳарта» — вориди рақобат мешавад.
Дар сурати пирӯзӣ «Хайр» дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи «А» бо «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас»-и Урдун, «Ал-Наҳда» ё «Сувайк»-Умон ва ё «Ал-Ваҳда»-и Сурия рақобат хоҳад кард.