Низомиёни Украина: зимни ҳамла мо аз се маҳал “гузаштем”

© AP Photo/Sergei ChuzavkovСарбози артиши Украина. Акс аз бойгонӣ
Сарбози артиши Украина. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи мушовири раҳбари ВКД Украина Зорян Шкиряк, низомиён ба самти Новоазовск, ки дар ҷанубу шарқи вилояти Донетск воқеъ аст, равон ҳастанд. Вай иддаъо дорад, ки низомиён зимни ин амалиёт аз маҳаллоти аҳолинишини Широкино, Павлопол ва Коминтерново “гузаштаанд”.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Низомиёни Украина изҳор доранд, ки зимни амалиёт онҳо аз маҳаллоти аҳолинишини Широкино, Павлопол ва Коминтерново дар шарқи Мариуполи вилояти Донетск "гузаштаанд", хабар медиҳад РИА Новости.

Ин се маҳал дар ҷануби вилояти Донетск воқеъ буда аз шимол ба самти ҷануб дар як масир қарор доранд. Қаблан муъовини фармондеҳи ситоди ҷудоихоҳони ҷумҳурии мардумии худмухтори Донетск Эдуард Басурин изҳор карда буд, ки низомиён дар шарқи Мариупол амалиёти низомӣ анҷом медиҳанд ва набардҳо барои Широкино идома доранд.

Ба гуфтаи мушовири раҳбари ВКД Украина Зорян Шкиряк, низомиён ба самти Новоазовск, дар қисмати ҷанубу шарқи вилояти Донетск равон ҳастанд.

"Гурӯҳи таъиноти вижаи Гвардияи миллӣ "Азов" аз Широкино, Павлополӣ, Коминтерново-1 и Коминтерново-2 гузашт… Зимни озод кардани Широкино сарбозони гурӯҳи таъиноти вижаи "Сокол" захмӣ шуданд. Феълан сарбозони мо барои Саханка ва Октябр вориди набардҳои сангин шудаанд. Дар ин даргириҳо теъдоди зиёди террористон ва васоили фаннии онҳо нобуд карда шуданд. Даргирӣ дар самти ҷанубӣ идома дорад", — иқтибос овардааст аз суханони вай маркази матбуотии ВКД Украина.

Мақомоти Украина дар моҳи апрели соли гузашта дар Донбасс алайҳи норозиёни табаддулоти давлатии моҳи феврал дар ин минтақа амалиёти низомӣ оғоз карданд. Тибқи иттилоъи ахири СММ, беш аз 5,3 ҳазор нафар сокинони осоишта қурбонии ин даргириҳо шудаанд. Ҷонибҳо бо миёнаравии Русия ва САҲА борҳо барои расидан ба созиш талошҳо карданд. Дар тирамоҳи гузашта ин амр ба коҳиши шиддати тирпаррониҳо шуд, вале баъд аз ҷашни солинавӣ вазъият боз ҳам муташанниҷ гашт. Миқдори тирпарронӣ афзоиш ёфт, раҳбарияти вазорати дифоъи Украина изҳор дошт, ки дар ҳамаи маҳаллоти вориди даргирӣ нерӯҳои худро тақвият медиҳад. Ҷудоихоҳон ба навбаи худ изҳор доштанд, ки "масири даргириро" ба манзури ҷилавгирӣ аз тирзании маҳаллоти аҳолинишин аз сӯйи низомиёни Украина тағйир медиҳанд"

Мақомоти Украина: Гвардияи миллӣ дар наздикии Мариупол ба ҳамла гузашт

Дар вазорати корҳои хориҷии Русия бар ин назаранд, ки ҳаводиси ахир дар Донбасс аз тасмими Киев барои ҳалли низомии вазъият дар Донбасс шаҳодат медиҳанд. 30 январ дар Минск музокироти навбатии сулҳ баргузор шуд, вале ҷонибҳо санади ниҳоиро имзо накарданд ва баррасии он то ҳол идома дорад. Дертар Киев ва ҷумҳуриҳои худмухтор ҳамдигарро дар ташдиди даргирӣ дар пайи ноомади навбатӣ дар музокирот муттаҳам карданд.

Лентаи хабарҳо
0