https://sputnik.tj/20150210/1014314716.html
Балети "Жизел" дар таҳияи театри операи Душанбе
Балети "Жизел" дар таҳияи театри операи Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи ҷумъаи шашуми феврал дар саҳнаи театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Душанбе намоиши балети маъруфи романтикӣ, ки моломол аз саҳнаҳои ишқу... 10.02.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-02-10T17:22+0500
2015-02-10T17:22+0500
2015-02-10T17:41+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101428/97/1014289752_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_ef9b47f2a1792539db7d33e6e59e24bd.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, ҳамаи хабарҳо
Балети "Жизел" дар таҳияи театри операи Душанбе 17:22 10.02.2015 (Навсозишуда: 17:41 10.02.2015 )
Рӯзи ҷумъаи шашуми феврал дар саҳнаи театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Душанбе намоиши балети маъруфи романтикӣ, ки моломол аз саҳнаҳои ишқу ошиқист таҳти унони "Жизел" баргузор гардид. Ин намоишнома дар бахши хореография яке аз беҳтарин дастовардҳо маҳсуб мешавад.
Нақшҳои асосиро дар намоишнома хатмкунандагони коллеҷи хореографии шаҳри Перм- Фарангис Қосимова (Жизел) ва Муҳаммад Азимов (Алберт) офариданд.
Мария Левитская, иҷрокунандаи вазифаи сарбалетмейстери театри опера ва балет таҳиягари "Жизел" буда, ҳамзамон нақши Миртаро дар намоишномаи мазкур бозид.
© Sputnik / Амир Исаев "Жизел"- балети фантастикӣ аз ду қисм иборат буда, онро оҳангсози фаронсавӣ Адолф Адан навиштааст. Нақши асосӣ- духтараки оддии деҳотиро дар намоишнома Фарангис Қосимова (Жизел) иҷро кард.
"Жизел"- балети фантастикӣ аз ду қисм иборат буда, онро оҳангсози фаронсавӣ Адолф Адан навиштааст. Нақши асосӣ- духтараки оддии деҳотиро дар намоишнома Фарангис Қосимова (Жизел) иҷро кард.
© Sputnik / Амир Исаев Графи ҷавон Алберт (Муҳаммад Азимов) Жизел (Фарангис Қосимова)-ро дӯст медорад. Аммо ба духтарак намегӯяд, ки сарватманд аст ва номзад дорад.
Графи ҷавон Алберт (Муҳаммад Азимов) Жизел (Фарангис Қосимова)-ро дӯст медорад. Аммо ба духтарак намегӯяд, ки сарватманд аст ва номзад дорад.
© Sputnik / Амир Исаев Аснои мулоқоти Жизел ва Алберт дасти онҳо ба ҳам мерасад ва рақс шурӯъ мешавад...
Аснои мулоқоти Жизел ва Алберт дасти онҳо ба ҳам мерасад ва рақс шурӯъ мешавад...
© Sputnik / Амир Исаев Ҷангалбон нияти аз якдигар ҷудо кардани дилдодагонро дорад.
Ҷангалбон нияти аз якдигар ҷудо кардани дилдодагонро дорад.
© Sputnik / Амир Исаев Бо кӯшиши ҷангалбон асрори пинҳон ошкор мешавад: дар саҳна номзади граф Алберт- Батилда пайдо мешавад. Алберт дар пеши чашмони Жизел дасти ӯро мебӯсад...
Бо кӯшиши ҷангалбон асрори пинҳон ошкор мешавад: дар саҳна номзади граф Алберт- Батилда пайдо мешавад. Алберт дар пеши чашмони Жизел дасти ӯро мебӯсад...
© Sputnik / Амир Исаев Дили нозук ва дардманди Жизел ба ин тоб намеорад. Ӯ дар рӯи дастони модараш ҷон медиҳад.
Дили нозук ва дардманди Жизел ба ин тоб намеорад. Ӯ дар рӯи дастони модараш ҷон медиҳад.
© Sputnik / Амир Исаев Шабона дар қабристон шабаҳи духтароне, ки қабл аз тӯйи арӯсӣ мурдаанд, бо либосҳои идона пайдо мешаванд. Роҳбарии онҳоро шабаҳе бо номи Мирта (Мария Левитская)ба зимма дорад.Онҳо якҷоя месароянд ва аз муҷримини маргашон даъват мекунанд, ки ба гӯристон ҳозир шаванд.
Шабона дар қабристон шабаҳи духтароне, ки қабл аз тӯйи арӯсӣ мурдаанд, бо либосҳои идона пайдо мешаванд. Роҳбарии онҳоро шабаҳе бо номи Мирта (Мария Левитская)ба зимма дорад.Онҳо якҷоя месароянд ва аз муҷримини маргашон даъват мекунанд, ки ба гӯристон ҳозир шаванд.
© Sputnik / Амир Исаев Чунин қисмат Албертро низ интизор аст, аммо шабаҳ (рӯҳ)-и Жизел ӯро наҷот медиҳад.
Чунин қисмат Албертро низ интизор аст, аммо шабаҳ (рӯҳ)-и Жизел ӯро наҷот медиҳад.
© Sputnik / Амир Исаев Шабаҳи Жизел бо шуъои аввалини офтоб нопадид мешавад, аммо барои ҳамеша дар қалби Алберт чун рамзи ҷовидонаи ишқ боқӣ мемонад.
Шабаҳи Жизел бо шуъои аввалини офтоб нопадид мешавад, аммо барои ҳамеша дар қалби Алберт чун рамзи ҷовидонаи ишқ боқӣ мемонад.