ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Уммон ба унвони меҳмонони вижаи Намоишгоҳи китоби Теҳрон барои имсол интихоб шудаанд, бо такя ба хабаргузории "Тасним"-и эронӣ менависад "Радиои Озодӣ".
"Тасним" дар навбати худ ба масъулини Шӯрои сиёсатгузории Намоишгоҳи китоби Теҳрон ин иттилоро ироа кардааст.
Дар намоишгоҳи соли гузашта, Афғонистон ба унвони меҳмони вижа ширкат дошт.
Масъулони баргузории ин намоишгоҳ гуфтаанд, ки ҳоло бо раванди барномарезӣ барои баргузории бисту ҳаштумин давраи ин рӯйдоди фарҳангии Эрон, дубора баҳси меҳмони вижа боз шудааст. Қарор аст ин намоишгоҳ дар моҳи майи соли ҷорӣ баргузор шавад.
Шӯрои сиёсатгузории Намоишгоҳи китоби Теҳрон пеш аз ин аз Тоҷикистон ба унвони гузинаи пешниҳодӣ барои меҳмони вижа шудан дар Намоишгоҳи китоби Теҳрон ёд карда буд, ки ба гуфтаи Маҳмуд Омӯзгор, сухангӯи ин шӯро барномаи Тоҷикистон барои ҳузур дар намоишгоҳи китоби Эрон ироа нашудааст.
Ба навиштаи "Тасним", Шӯрои сиёсатгузорӣ дар охирин нишасти худ, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, як давлати дигарро низ ба унвони меҳмони вижа матраҳ кардааст ва он ҳам кишвари Уммон аст. Пешниҳоде, ки аз сӯи Уммон мавриди истиқбол қарор гирифтааст.
Уммон аз кишварҳои подшоҳӣ дар ҳошияи Халиҷи Форс мебошад ва фаъолиятҳои фарҳангӣ ва нашр китоб дар ин кишвар ба таври густурад анҷом мешавад.
Аммо мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, ки даъватнома аз ҷониби Эронро дарёфт кардаанд ва раёсати табъу нашри вазорат масъули омодагӣ ба ин намоишгоҳро мебинад. Ба гуфтаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ин масъала ду маротиба дар ҷаласаи вазорат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, намоишгоҳест, ки ҳамасолан дар моҳи май баргузор мешавад. Ин намоишгоҳ аз бузургтарин рӯйдодҳои фарҳангии Эрон ба шумор меравад ва дар он ноширони китоб аз бисёре аз кишварҳои дунё ширкат мекунанд.