Пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда ва то 30% коҳиш ёфтаанд

© Sputnik / Николай Волков / Гузариш ба медиабонкПиряхи Федченко дар Бадахшон. Акс аз бойгонӣ
Пиряхи Федченко дар Бадахшон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ба далели гармшавии ҷаҳонии ҳаво ва чанд омили дигаре, ки дар олам сурат мегиранд, ногузир аст ва аллакай ба камшавии сеяки масоҳати ин мӯъҷизаҳои табиат мунҷар шудааст.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон дар чанд соли ахир сеяки ҳаҷми худро аз даст додаанд ва мутаасифона, ин раванд идома дорад, менависад хабаргузории "Tojnews" бо истинод ба дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи муҳити зист Фотима Очилова.

"Дар чанд соли ахир прияхҳои Тоҷикистон ҳудуди 30% масоҳати худро аз даст додаанд ва мутаассифона ин раванд идома дорад. Феълан, аз 14 ҳазор пиряхҳо як ҳазораш комилан аз байн рафтаанд", — зикр кард Очилова зимни суханронии худ дар конфаронси "Об барои ҳаёт", ки дар донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт.

Ба гуфтаи вай, танҳо пиряхи Федченко, ки бузургтарин пиряхи ҷаҳон маҳсуб мешавад, аллакай беш аз як километр масоҳати худ ё 2 километри кубии яхро аз даст додааст.

Вай ҳамчунин гуфт, ки дар пайёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон омадааст, ки барои таъмини сокинони кишвар бо оби ошомиданӣ дар солҳои 2010-2018 беш аз 1 миллиард сомонӣ ихтисос шуда ва то ҳол миқдори зиёди корҳо дар ин замина иҷро шудаанд.

Олимони ширкаткунанда дар ин ҳамоиш ба зарурати муносибати сарфакорона ба об ва захойири оби кишвар таъкид карданд.

Лентаи хабарҳо
0