Эрон дар Тоҷикистон мактаби байналмиллалии “Рӯдакӣ” бунёд мекунад

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкШогирдони мактаб. Акс аз бойгонӣ
Шогирдони мактаб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохтмони мактаби байналмиллалӣ, ки бо сармоягузории давлати Эрон анҷом мешавад, ба поён мерасад. Ҳамчунин намояндагони донишгоҳҳои Эрон қасд доранд ба манзури ҷалби ҷавонон ба таҳсил аз Тоҷикистон дидан кунанд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Эрон дар Тоҷикистон мактаби байналмиллалии "Рӯдакӣ" бунёд мекунад, хабар додааст сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Ҳуҷатулло Фағонӣ дар нишасти хабарии 9 феврал, менависад хабаргузории "Авеста".

Ба гуфтаи Фағонӣ, сохтмони ин мактаб 70% анҷом ёфта ва сатҳи он пойинтар аз донишгоҳҳо хоҳад буд.

Сафир таъкид кард, ки донишгоҳҳои Эрон низ ба ҳамкорӣ омода ҳастанд ва ба манзури ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар ин кишвар, намояндаҳои онҳо 22-23 феврал аз Тоҷикистон дидан мекунанд.

Ин хабарро дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ таъйид карданд.

Ба гуфтаи раиси бахши ҳамкориҳои байналмиллалии ин вазоратхона Ҳамрохон Алиев, хабари қабули довталабон барои таҳсил дар Эрон тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш хоҳанд шуд.

"Бо донишгоҳҳои Эрон мо аз соли 2011 ҳамкорӣ дорем. Ҳамасола барои таҳсил дар Эрон мо 250 нафарро мефиристем, ки таҳсилашон нахуст аз гурӯҳҳои омодашавӣ оғоз меёбад. Ҷавонони мо умдатан ба донишгоҳҳои фаннӣ алоқаманд ҳастанд. Таҳсил тибқи саҳмияро ҷониби Эрон пардохт мекунад", — зикр кард Алиев.

Тибқи иттилои вай, феълан дар донишгоҳҳои Эрон 152 донишҷӯйи тоҷик таҳсил мекунанд ва агар он идда аз шаҳрвандони тоҷикро, ки бо маблағи худ таҳсил мекунанд, шуморем теъдоди онҳо бештар аз 300 нафар аст.

"Дар соли хониши 2014-2015 бо саҳмияҳо ба Эрон 50 донишҷӯ фиристода шуданд, ҳарчанд тибқи саҳмияҳо бояд 250 бо таҳсил фаро гирифта мешуданд. Вале дар умум ҳамкории Тоҷикистон бо Эрон дар арсаи омӯзишу парвариш хуб роҳандозӣ шудааст", — хулоса кард Алиев.

Лентаи хабарҳо
0