"AccessBank Tajikistan" аз муассисаш $5 млн қарз гирифт

© Sputnik / Игорь ЛекаркинНишони "Accessbank" дар бинои маркази тиҷоратии "Созидание". Акс аз бойгонӣ
Нишони Accessbank дар бинои маркази тиҷоратии Созидание. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
БАБТ ба яке аз муассисоти молии қарзии Тоҷикистон қарзи навбатӣ ба пули миллӣ – сомонӣ дод. Ин амр ба коҳиши истифода аз арзҳои кишварҳои дигар дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Яке аз муассисони "AccessBank Tajikistan" Бонки аврупоии бозсозӣ ва таҷдид (БАБТ) ба ин ниҳоди молӣ қарзи муодили $5 млн ироа карда, омадааст дар баёнияи БАБТ.

Созмони қарздиҳии хурди "AccessBank Tajikistan" аз яке аз муассисони худ — БАБТ барои сармоягузории тиҷорати кӯчак ва миёна бо пули миллии Тоҷикистон — сомонӣ $5 миллион қарз мегирад.

"БАБТ дар садад аст мизони сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо пули миллиро афзоиш бидиҳад ва аз ин роҳ манобеъи маҳаллии сармоягузориро афзоиш дода дар коҳиши истифода аз арзҳо дар низоми молии кишвар мусоидат мекунад", — зикр мешавад дар баёния.

Тавсеъаи раванди сармоягузорӣ бо пули миллӣ дар Тоҷикистон аз сӯйи БАБТ бо ҳадафи коҳиши хатароти арзӣ барои созмонҳои молӣ ва тиҷорати дохилӣ сурат мегирад.

Сармоягузории БАБТ ба иқтисоди Тоҷикистон 4,5 маротиба афзоиш ёфтааст

"Ин қарзи имкон медиҳад, ки фаолияти "AccessBank Tajikistan" муосир шаваду дар афзоиши саҳми бонк дар сармоягузории тиҷорати кӯчак бо пули миллӣ мусоъидат кунад"— зикр кард раҳбари намояндагии доимии БАБТ дар Душанбе Ричард Ҷонс.

"Ин қарз барои мо имконоти хубе медиҳад, ки раванди сармоягузории тиҷорати кӯчак, махсусан кӯчак ва миёнаро дар шароити душвор тавсеъа кунем. Мо ҳадаф дорем чунин маболиғ ба пули миллиро барои сармоягузории муштариёни аз хатароти арзӣ осебпазир истифода кунем ва ба ин тартиб сармоягузори муввазаф будани худро нишон диҳем", — гуфт раиси ҳайъати мушовараи "AccessBank Tajikistan" Катарина Шахтнер.

БАБТ ба “Финка Тоҷикистон” $4 миллион қарз дод

Дар AccessBank мӯътақиданд, ки захойири фароҳамшуда имкон медиҳад, ки ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар шароите, ки ин ба ин амр бештар ниёз ҳаст, мусоидат кунад.

Созмони қарздиҳии "AccessBank Tajikistan" соли 2010 бо мушорикати саҳҳомии БАБТ, Созмони байналмиллалии молӣ (IFC), KfW ва "Access Holding" таъсис шудааст.

То ҳол мизони қарзӣ ва сармоягузории саҳҳомии БАБТ дар "AccessBank Tajikistan" $8 миллион унвон мешавад.

Аз замони оғози фаъолияти худ дар Тоҷикистон БАБТ ба бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар ҳудуди $320 миллион сармоягузорӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0