Сокини пойтахт бо гумони таҷовузи фарзандонаш дастгир гардид

© Sputnik Завлона
Завлона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини 47-солаи шаҳри Душанбе, ки қаблан дар Русия суд шуда буд, бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтар ва писари ноболиғаш дастгир шудааст.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Кормандони милитсия шаҳрванд Ҷ.М, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Душанберо "бо гумони таҷовуз ба номус ва содир намудани дигар ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусиятҳои шаҳвонидошта дастгир карданд",- иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД.

 

"Номбурда моҳи декабри соли 2014 бо роҳи зӯроварӣ ба номуси духтараш Ҷ.Ш. соли таваллудаш 1993, таҷовуз намуда, бо ин қонеъ нагардида, нисбаташ ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ намудааст",- афзуд манбаъ.

 

Ҳамчунин, вай санаи 03.02.2014 нисбати писари 14-солаи ноболиғаш, хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ, аз вазъияти оҷизонааш  истифода бурда, ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ намудааст.

Гуфта мешавад, боздоштшуда қаблан бо моддаи 228, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия суд шудааст,

Нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0