Сафири Эрон: “Истиқлол” то поёни имсол бозсозӣ мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевҲуҷҷатулло Фағонӣ, сафири Эрон дар ҶТ
Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири Эрон дар ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафир гуфт, дар он замон ширкатҳои эронӣ мебоист бо суръат ковиши нақбро ба анҷом мерасониданд, “ба ин далел мушкилотро аз пайи худ боқӣ гузоштанд”.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. То поёни имсол нақби "Истиқлол", воқеъ дар масири Душанбе-Хуҷанд, таҷдид ва бозсозӣ хоҳад шуд, зимни як нишасти хабарӣ 9 январ гуфт Ҳуҷҷатуллои Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Ин нақб аз ҷониби давлати Эрон сармоягузорӣ ва ҳам аз ҷониби ширкатҳои ин кишвар сохтмонаш дар соли 2006 ба анҷом расидааст. Аммо ба далели вайронӣ ва шоридани об то кунун нақлиёт бо душвори аз он убур мекунад.

Сафир гуфт, дар он замон ширкатҳои эронӣ мебоист бо суръат ковиши нақбро ба анҷом мерасониданд, "ба ин далел мушкилотро аз пайи худ боқӣ гузоштанд".

Ҳуҷҷатулло Фағонӣ 3 моҳ қабл ба ҳайси сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон таъйин шудааст. Пеш аз вай, Алиасғари Шеърдӯст Эронро намояндагӣ мекард.

Баъд аз сари кор омадани ҳукумати нав дар Эрон дар соли 2013, Шеърдӯст барканор шуд ва моҳҳо ин сафорат дар Тоҷикистон сафир надошт.

Ҷумҳурии исломии Эрон аввалин кишварест, ки бо пош хӯрдани ҳукумати шӯравӣ дар соли 1991 ва мустақил шудани Тоҷикистон сафорати худро таъсис додааст.

Лентаи хабарҳо
0