ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Маркази ҷамъоварии иттилои биометрии шаҳрвандони Қирғизистон дар сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе фъъол шудааст, омадааст дар хабри сойти сафоратхонаи Қирғизистон дар Тоҷикистон.
Маркази ҷамъоварии иттилои биометрии шаҳрвандони Қирғизистон дар чорчӯби иҷрои қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон "Дар бораи сабти номи биометрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон" аз 14 июли соли 2014 ифтитоҳ шудааст.
Ҷамъоварии иттилоъ ҳамарӯза аз соати 9 то 17 ба ҷуз аз рӯзи якшанбе сурат мегирад. Барои ироаи иттилои биометрӣ шаҳрвандон бояд бо худ паспорти шаҳрванди Қирғизистон (ID-корт, паспорти шаҳрвандӣ ё паспорти шакли соли 1994) дошта бошанд.
Иттилои биометрӣ бидуни пардохти маблағ қабул карда мешаванд, омадааст дар хабари намояндагии дипломатиии Ҷумҳурии Қирғизистон.