ВКХ ФР, Олмон, Фаронса ва президенти Украина дар бораи бӯҳрони Донбасс

Обуна шудан
Сарварони вазороти корҳои хориҷии Русия, Олмон ва Фаронса- Сергей Лавров, Франк-Валтер Штайнмайер, Лоран Фабиус ва Петр Порошенко, президенти Украина дар ҳамоиши Мюнхен дар бораи бӯҳрони Донбасс андешаҳои худро баён доштанд.

Дар нишасти 51-уми Мюнхен раисҷумҳури Украина гуфт, итмоми ҷанг фақат дар чорчӯби риояи тавофуқоти Минск имконпазир ҳаст. Поршенко ҳамчунин афзуд, мушкил бо қабули қарорҳои муваққатӣ пушти сар намешавад.

Ба андешаи Франк-Валтер Штайнмайер,  вазири умури хориҷаи Олмон таъмини амнияти доимии Аврупо танҳо дар ҳамкорӣ бо Маскав ба даст меояд, на баръакс.

Сергей Лавров, роҳбари вазоратхонаи умури хориҷаи ФР бар ин назар аст, ки Ғарб бо аъмоли худ муртакиби чолиш ва печида шудани авзоъ дар Украина гардид.

Конфронси Мюнхен соли 1963 ҳамчун "ҷаласаи намояндагони идораҳои мудофиа"-и кишварҳои аъзои НАТО таъсис гардидааст. Ҳоло бошад, он форуми мубоҳисавии байналмиллалӣ маҳсуб шуда, дар кори ҳамоиш сиёсатшиносон, дипломатҳо, тоҷирон, низомиён, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз 40 кишвари дунё ширкат меварзанд.

Лентаи хабарҳо
0