ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Рӯзи душанбе Шӯрои Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон беш аз бист мавзӯъ, аз ҷумла ислоҳи қонун "Дар бораи вазоифи волидайн дар омӯзиш ва тарбияи фарзандон"-ро баррасӣ кардааст, менависад хабаргузории "Авеста".
Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки ҳамчунин мавзӯъи тасвиби қарордодҳои дуҷониба низ баррасӣ шудаанд.
"Ба манзури тасвиб қарордоди дуҷониба "Тавсеъаи васоили нақлияи шаҳри Душанбе" ва "Танзими партовҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа" баррасӣ шудаанд", — гуфт Султонов.
Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", рӯзи душанбе комитетҳо ва комиссияҳои порлумонӣ баррасии ислоҳоти қонун "Дар бораи вазоифи волидайн дар омӯзиш ва тарбияи фарзандон"-ро, ки аз сӯйи мудири яке аз макотиби пойтахт, узви маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон Гулчеҳра Ғаниева пешниҳод шуда имкони муҷозоти волидайн дар тарбияи зистмуҳитии фарзандонро дар назар дорад, оғоз кардаанд.
"Ғаниева далели ин ислоҳотро чунин шарҳ медиҳад, ки онҳо ба манзури ҳифзи муҳити зист, кам кардани партовҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, шаҳрҳо, навоҳӣ ва рустоҳо таҳия шудаанд", — гуфтааст манбаъи хабаргузорӣ.
Ба гуфтаи манбаъ, эҳтимол дорад ин ислоҳот аз сӯйи вакилони ҷадиди порлумон баррасӣ шаванд.
Маҷлиси намояндагони даъвати чаҳорум, ки дар моҳи феврали соли 2010 интихоб шуда буд, 27 феврал фаъолияти худро анҷом медиҳад.