Қатли миллиардер дар Чин

© REUTERS/Stringer/FilesЛю Хан. Акс аз бойгонӣ
Лю Хан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари пешини як ширкати бузурги истихроҷи маъодини Чин Лю Хан бо иттиҳоми ташкили созмони ҷиноӣ ва куштори барқасдона муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Рӯзи душанбе миллиардери чинӣ Лю Хан бо иттиҳоми ташкили созмони ҷиноӣ ва куштори барқасдона муттаҳам эълон гардида, қатл шуд. Дар ин бора РИА Новости дар такя ба Синхуа иттилоъ медиҳад.

Ҳамзамон, додгоҳи аёлати Хубэй ҳукми қатли чор нафар ҳамгурӯҳони Лю Ханро содир кард.

Гуфта мешавад, ҳамроҳ бо Лю Хан бародараш Лю Вэй ва Тан Сянбину, Чжан Дунхуа и Тян  Сяньвэй низ эъдом шуданд.

"Лю Хан дар ташкили гурӯҳи мафиозӣ муттаҳам мешавад, ки аъмоли созмони таҳти сарварии ӯ ҷиноёти сангине содир кардааст",- омадааст дар хабар.

Ҳамагӣ дар ин парванда 36 нафар муттаҳам мешаванд. Панҷ тани онҳо пас аз муҳокимаи додгоҳӣ ба ҳукми қатл сазовор дониста шуда, панҷ каси дигар баъди ду сол эъдом мешаванд. Чор нафар аз муҷримин ҳабси абад ва 22 каси дигар ба муддатҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Бар пояи иттиҳомоти эъломшуда, гурӯҳи ҷиноии таҳти сарварии Лю Хан дар аёлати Сичуан соли 1993 созмон дода шуда, дар як қатор ҷиноёти сангин, ки ба иқтисоду экологияи минтақа хисороти бузург расонидааст, даст дорад.

Лентаи хабарҳо
0