Додгоҳи Воронеж як тоҷикистониро барои қатл ва дуздӣ муҳокима мекунад

© Sputnik / Mish SukharevКорд. Акс аз бойгонӣ
Корд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Воронеж парвандаи ҷиноии як атбоъи Тоҷикистон, ки дар қатл ва дуздӣ муттаҳам мешавад, муҳокима хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Воронеж шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистонро, ки дар қатл ва дуздӣ муттаҳам аст, муҳокима мекунанд, хабар медиҳад сойти Комитети таҳқиқотӣ.

Тибқи иттилоъи таҳқиқот, шоми 24 сентябри соли 2014 сокини шаҳри Душанбе дар яке аз қаҳвахонаҳои хиёбони Генерал Люзиков бо марди 37- сола ошно мешавад. Зимни сӯҳбат афроди тоза ошно шуда тасмим мегиранд, ки якҷо машрубот нӯшанд. Вале базудӣ онҳо бо ҳам даргир шуданд.

Ошнои ҷадиди сокини Душанбе, ки дар қаҳвахона ҳамроҳи хонуми шаҳрвандиаш тафреҳ дошт, мехоҳад ба манзилаш баргардад. Аммо марди 44- сола онҳоро пайгард шуда ва дар ҳавлии яке аз биноҳо миёнашон хархаша сурат мегирад.

"Дар ин мавзеъ бадрафтор ба сари ошнои худ як зарба мезанаду сипас аз кисаи шимаш корд бароварда ба маҳалли гарданаш ҷанд зарба мезанад. Ҷабрдида дар пайи латукӯб дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст медиҳад ва ошнои ҷадид аз маҳалли ҳодиса фирор мекунад", — омадааст дар хабар.

Аслиҳа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додситон: ҳар қатли ҳафтум дар вилояти Маскав кори дасти муҳоҷирон аст

Вақте маъмурони пулис ҷинояткорро боздошт мекунанд, рӯшан мешавад, ки сокини Душанбе аллакай дар Воронеж чанд ҷинояти дигар низ содир кардааст. 14 сентябри соли 2014 вай ба ҳавлие дар хиёбони СНТ "Памят Мичурина" ворид шуда аз он ҷо кортҳои бонкӣ ва маблағи 2500 рублро медуздад.

Пас аз чаҳор рӯз вай ба ин ҳавлӣ боз барои дороиҳои дигар ташриф меорад. Ин даъфа вай аз манзил магнитафон ва 10 банка помидору бодиринги намакшударо мегирад. Маблағи умумии зарар беш аз севуним ҳазор рубл мешавад.

Дар Комитети таҳқиқотӣ хабар доданд, ки муттаҳам аллакай дар ин ҷинояти худ иқрор шудааст. Маълум шудааст, ки дар гузашта вай ба иттиҳоми шикори ғайримуҷоз ва ворид шудани ғайриқонунӣ ба маскан муҳокима шудааст.

Лентаи хабарҳо
0