Алишер Усмонов ба Фабио Капелло надодани маошашро шармандагӣ номид

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкАлишер Усмонов. Акс аз бойгонӣ
Алишер Усмонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷири русиягӣ дар тӯли шаш моҳ напардохтани маоши сармураббии тими мунтахаби футболи Русияро ғайриқобили қабул ва шармандагӣ унвон кард.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Тоҷири русиягӣ Алишер Усмонов изҳор доштааст, ки ба Иттиҳоди футболи Русия (ИФР) қарзи баимтиёзи мақсаднок додааст, ки онро танҳо барои додани қарзи маоши сармураббии тими мунтахаби футболи Русия Фабио Капелло истифода кардан мумкин аст, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба Капелло ва масъули молии тими мунтахаби Русия Оресте Чинквини дар тӯли шаш моҳ маош пардохта нашудааст. Раиси ИФР Нолай Толстих борҳо изҳор дошт, ки созмон барои пардохти қарзи маош маблағ надорад.

"Ман барои худ зарур донистам, ки дар ҳалли ин мушкил расидагӣ кунам. Ба иттилоъи ман, қарзи ИФР аз Фабио Капелло 400 миллион рубл аст. Ва ман ба ИФР қарзи имтиёзноки мақсаднок додам, ки онро танҳо барои пардохти ин қарз истифода кардан мумкин аст", — гуфт Усмонов ба хабаргузории "Р-Спорт".

"Чунин вазъи омадаи ИФРро, ки ба он раҳбарият масъул аст, ғайри қобили қабул медонам. Ин шармандагӣ аст, ки нафаре ки барои Русия хидмат мекунад, барои кори худ маош намегирад", — гуфт Усмонов.

"Ман узви шӯрои ҳимоятгарони комитети ташкилии "Русия-2018" барои омодагӣ ба сабқати ҷаҳонии футбол ҳастам. Ва бо нигаронии вазири варзиши Русия (Виталий Мутко) дар робита бо фаолияти сармураббии тими мунтахаб Фабио Капелло мувофиқам", — зикр кард вай.

Ҳамакнун хабар расид, ки ИФР пардохти нахустини қарзашро адо кардааст.

Қаблан, рӯзи панҷшанбе вазири варзиши Русия ба хабаргузории "Р-Спорт" гуфт, ки ба тоҷирон ва бархе аз ниҳодҳои молӣ барои кӯмак дар пардохти қарзи Капелло муроҷиъат кардааст. Ба гуфтаи вай, ин қарз бояд дар тӯли ду рӯзи наздик пардохт карда шавад.

Усмонов саҳҳоми аслии (48%) USM Holdings мебошад, ки ширкатҳои маъодин ва фузулот, мухобирот, интернет ва телевизиниро муттаҳид кардааст.

Дар моҳи феврали соли 2015 маҷаллаи Forbes дороиҳои Усмоновро 18,6 миллиард доллар унвон кардааст.

Ба ҷуз аз фаолияти ҳирфаӣ Усмонов раиси Федератсияи байналмиллалии шамшербозӣ мебошад, ки онро аз соли 2008 раҳбарӣ мекунад ва ҳамзамон яке аз саҳҳомони тими футболи "Арсенал"-и Лондон мебошад. Усмонов якҷо бо Фарҳод Моширӣ 30,2% ин тими лондониро дар ихтиёр дорад.

Лентаи хабарҳо
0