TojNews: дар Гипроземи Душанбе садои таркиш шунида шудааст

© Sputnik / Сергей Козлов / Гузариш ба медиабонкТаркише дар Укроин. Акс аз бойгонӣ
Таркише дар Укроин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби гузаштаи 5-уми феврал, тахминан соати 21:30 таркиши шадиде рух дода, оромии мардуми маҳалларо халалдор кардааст. Сокинон мегӯянд, ин таркиш эҳтимол аз баллони газ ё норинҷак аст.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Сокинони маҳаллаи Гипроземи Душанбе мегӯянд, таркиши шадиде дар наздикии манзили онҳо иттифоқ афтодааст ва эшон аз ин нигарон шудаанд, менависад оҷонсии TojNews.

Шаби гузаштаи 5-уми феврал, тахминан соати 21:30 таркиши шадиде рух дода, оромии мардуми маҳалларо халалдор кардааст. Сокинон мегӯянд, ин таркиш эҳтимол аз баллони газ ё норинҷак аст.

Мақомоти расман дар ин бора иттилоъ намедиҳанд. Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино дар бораи таркиш изҳори беиттилоӣ карданд.

Аммо сокинон ва ронандагони таксиҳои маҳалли Гипрозем ба оҷонсӣ гуфтаанд, ҳоло дар маҳаллаи Гипрозем нозирони БДА ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ корҳои санҷишӣ мебаранд.

Ҳаракати роҳ ҳам дар чорроҳаи назди калисои православӣ ба самти Гипрозем маҳдуд шудааст, менависад оҷонсӣ.

Лентаи хабарҳо
0