ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар моҳи январи соли 2015 кормандони раёсати нерӯҳои марзбонии Идораи федероли амниятии Русия дар вилояти Оренбург беш аз 40 марзшиканҳоро боздошт карданд, хабар медиҳад ca-news.
Атбоъи кишварҳои Осиёи Марказиро барои рафтан ба Русия ҳатто сардиҳои 30 дараҷагӣ монеъ намешаванд.
Дар авохири моҳи январ дар самти Сол-Илетск дар наздикии марзи давлатӣ, марзбонон нафареро пайдо карданд, ки бо дасту пойҳои сармозада рӯйи барф мехазид. Осебдида ба бемористони ноҳиявии надиктарин мунтақил шуд.
Мушшахас шуд, ки марзшикан шаҳрванди Ӯзбекистон будааст, ки вурудаш ба Русия мамнӯъ шуда буд.
Дар яке аз шабҳои январ дар ноҳияи Илетск барои марзшиканӣ аз самти Қазоқистон маъмурони раёсати марзбонӣ се нафар атбоъи Ҷумҳурии Қирғизистонро боздошт карданд, ки ба манзури пайдо кардани ҷойи кор талош доштанд вориди Русия шаванд.
Дар гузаргоҳи роҳи оҳани "Илетск-1" ба ҳангоми бозрасии қатори "Бишкек-Маскав" марзбонон шаҳрванди Қирғизистонро ошкор карданд, ки аз бозрасӣ дар зери купеи қатор паноҳ бурда буд.
Нисбати нӯҳ нафар парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.
Ин афрод дар убури ғайримуҷози марзи давлатӣ бо истифода аз асноди тақаллубӣ муттаҳам шудаанд.