Боб Марли: аз кафшергари оддӣ то маҳбуби даврон

Обуна шудан
Оҳангсоз ва ҳунарманди маъруф, гиторнавози беҳамто Боб Марли агар дар қайди ҳаёт мебуд, 70-солагиашро ҷашн мегирифт. Ӯ беш аз 30 сол қабл аз ин аз дунё даргузашт, аммо ҳамоно маҳбуби ҳамагон боқӣ мемонад.

Роберт Неста Марли 6-уми феврали соли 1945 дар шаҳри Пэриши Ямайка ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб ҷавони 18-сола ба ҳайси кафшергар дар як ширкат ба кор медарояд, аммо тамоми вақти холиашро сарфи омӯзиши мусиқӣ мекард.

Пас аз як муддати кӯтоҳ Боб Марли бо Ҷо Хигс албоми ҷадидашонро таҳти унвони «Judge Not» омода карда, баъдан гурӯҳи созию овозӣ ва вокалии "The Wailers"-ро таъсис доданд.

Авҷи шӯҳрати Боб Марли ба солҳои 70-уми садаи 20 тавъам меафтад, вақте ӯ ба ИМА кӯч баст. Дар Амрико ҳунарманд чанд вақтро дар зиндон пушти сар кард, як бори дигар ба ҷонаш сӯйиқасд низ сурат гирифт.

Ҳунарманди шӯҳратёр соли 1981 аз бемории саратон даргузашт. Ӯ дар мавзолей (оромгоҳ) дар ватани аҷдодиаш маскани охират ёфт.

 

© AP Photo/FilesИн акс бо чеҳраи хандони ӯ чанд рӯз қабл аз вафоти ҳунарманд дар соли 1981 гирифта шудааст.
Боб Марли. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
1/8
Ин акс бо чеҳраи хандони ӯ чанд рӯз қабл аз вафоти ҳунарманд дар соли 1981 гирифта шудааст.
© AP Photo/StrҲунарнамоии Боб Марли дар ҳузури 40 ҳазор тамошобин дар Париж
Боб Марли. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
2/8
Ҳунарнамоии Боб Марли дар ҳузури 40 ҳазор тамошобин дар Париж
© Flickr \ monosnapsФарзанди ямайкагӣ ва аврупоӣ рамзи мубориза бо нажодпарастӣ гардид
Боб Марли. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
3/8
Фарзанди ямайкагӣ ва аврупоӣ рамзи мубориза бо нажодпарастӣ гардид
© AP Photo/StrСоли 1980 дар авҷи шӯҳрати хонандагӣ Боб Марли сафарҳои бисёре ба кишварҳои дунё анҷом медод. Медали барои сулҳи СММ низ ҳамон сол ба ӯ тақдим гардид
Боб Марли. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
4/8
Соли 1980 дар авҷи шӯҳрати хонандагӣ Боб Марли сафарҳои бисёре ба кишварҳои дунё анҷом медод. Медали барои сулҳи СММ низ ҳамон сол ба ӯ тақдим гардид
Соли 1976 дар Кингстон ба ҷони ҳунарманди маъруф Боб Марли суйиқасд сурат гирифт, аммо бо ҳар вуҷуд ӯ ҳунарнамоиашро қатъ накард
Боб Марли. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
5/8
Соли 1976 дар Кингстон ба ҷони ҳунарманди маъруф Боб Марли суйиқасд сурат гирифт, аммо бо ҳар вуҷуд ӯ ҳунарнамоиашро қатъ накард
© AP-Photo/HOВақте соли 1977 дар ангушти калони пойи ҳунарманд осори саратонро пайдо карданд, аз ӯ хостанд, ки ангушташро бурида партоянд. Аммо Боб Марли ба ин розӣ нашуд, зеро футболро ниҳоят дӯст медошт
Боб Марли. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
6/8
Вақте соли 1977 дар ангушти калони пойи ҳунарманд осори саратонро пайдо карданд, аз ӯ хостанд, ки ангушташро бурида партоянд. Аммо Боб Марли ба ин розӣ нашуд, зеро футболро ниҳоят дӯст медошт
© AP Photo/Ray FairallСаломатии ҳунарманд дар охири соли 1981 бад шудан гирифт. 11 майи соли 1981 Боб Марли дар касалхонаи Майами аз дунё даргузашт. Оромгоҳӣ ӯ дар ватанаш мебошад
Маросими ҷанозаи Боб Марли. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
7/8
Саломатии ҳунарманд дар охири соли 1981 бад шудан гирифт. 11 майи соли 1981 Боб Марли дар касалхонаи Майами аз дунё даргузашт. Оромгоҳӣ ӯ дар ватанаш мебошад
© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПарчам бо акси Боб Марли дар ҷашнвораи "Даштҳои бекарон". Акс аз бойгонӣ
Парчам бо акси Боб Марли дар ҷашнвораи Даштҳои бекарон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
8/8
Парчам бо акси Боб Марли дар ҷашнвораи "Даштҳои бекарон". Акс аз бойгонӣ
Лентаи хабарҳо
0