Сафири Чин: мо бояд 70-солагии Ғалабаро якҷоя таҷлил намоем

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкСобиқадорони ҷанг дар назди оташи абадӣ дар "Боғи Ғалаба"-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Собиқадорони ҷанг дар назди оташи абадӣ дар Боғи Ғалаба-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Чин дар Тоҷикистон тасмим дорад баргузории чорабиниҳои фарҳангиро дар соли таҷлил аз 70-солагии Ғалаба бештар ба роҳ монад.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Мо бо дӯстони тоҷикистониамон дар бораи сатҳу шеваи истиқбол аз 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бояд фикр кунем, менависад Авеста бо истинод ба ҳарфҳои Фан Сянжун, сафири Чин дар ҶТ.

Дипломати чинӣ гуфт, ҷашн гирифтани рӯзи Ғалаба барои насли ҷавон ниҳоят зарур аст, то онҳо фаҳманд, ки сухан дар бораи кадом ҳодиса ва воқеъа меравад.

"Барои мову шумо зарур аст, ки дар мавриди чӣ гуна баргузор намудани иди Зафар фикр кунем, то наслҳои баъдӣ дар бораи ин рӯз маълумоти аниқ дошта бошанд. Мо бояд барои шукуфоии дунё ва олами бе ҷанг андеша кунем",-гуфт сафири Чин.

Ба қавли вай, сафорати Чин дар Тоҷикистон тасмим дорад баргузории чорабиниҳои фарҳангиро дар соли таҷлил аз 70-солагии Ғалаба бештар ба роҳ монад.

Лентаи хабарҳо
0