ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Варзишгарони тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили "Ҷоизаи Президенти ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ" миннатдорӣ баён кардаанд, менависад оҷонсии "Озодагон".
Дар номаи варзишгарон, ки 6 феврал Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пахш кардааст, гуфта мешавад, ки "мо, варзишгарони кишвар ба тасвиб расидани фармони Шуморо шунида, ниҳоят шод гардидем ва ин хушхабар варзишгарон ва ҷавононро беҳад рӯҳбаланд намуд".
"Мо, варзишгарони тоҷик ва наврасону ҷавонон зери сиёсати хирадмандонаи роҳбари муаззами худ марзу буми Ватани маҳбубамонро муқаддас мешуморем ва онро сидқан дӯст медорем, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ҳамчун ҳомии варзиш ва ташаббускори тарзи ҳаёти солим шуморо Сармураббии Олии худ эълон медорем", — изҳор доштаанд варзишгарон.
Дар ин нома дар қатори Кумита, инчунин изҳри сипосу минатдории Кумитаи миллии олимпӣ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияҳои варзишии Тоҷикистон низ аз ба тасвиб расидани фармони президент дар бораи ҷоизаи мазкур зикр шудааст.
Дар муроҷиатномаи мазур қайд гардидааст, ки мулоқоти раисиҷумҳури кишвар бо варзишгарон, ки 20-уми декабри соли 2010 баргузор гардид, ба рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ бахшида, баъди ин вохӯрӣ ҳазорҳо иншоот дар соҳаи варзиш бунёд шуд.