ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ширкати бузурги саноатии Siemens 7,4 ҳазор нафар корманди худро, ки 2% куллияи кормандони ин ширкат аст, ихроҷ мекунад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Блумберг.
Хабари ихроҷи кормандонро ширкат аллакай дар ин ҳафта метавонад эълом кунад, гуфтаанд ба хабаргузорӣ манобеъи огоҳ аз вазъи ширкат.
Намояндаи Siemens аз шарҳи ин хабар худдорӣ кард.
Мудири кулли Siemens Джон Кэзер соли гузашта изҳор дошта буд, ки ширкатро зарур аст 1,1 миллиард долларо аз роҳи таҳияи суфуфи ташкилии мунназам ва содда кардани амалиёти минтақавӣ сарфа кунад.
Вай зикр карда буд, ки баъд аз мувофиқа бо намояндагони иттифоқи касаба 11,6 ҳазор корманди ин ширкат метавонанд ихроҷ шаванд.
Ширкати Siemens AG, ки соли 1847 таъсис шудааст, яке аз корхонаҳои пешсафи ҷаҳонӣ дар арсаи васоили фанниву барқӣ, таҷҳизоти фаннӣ, васоили нақлия, васоили пизишкӣ ва рӯшанӣ, ҳамчунин дар бахши ироаи хадамоти вижа дар арсаҳои гуногуни саноат, васоили нақлия ва мухобирот аст.
Дафтарҳои маркази ширкат дар Берлин ва Мюнхен қарор дошта, теъдоди кормандонаш бештар аз 340 ҳазор нафар аст.