Кумитаи ТВ ва радиои Тоҷикистон “Звезда”-ро ба додгоҳ кашиданист

© SputnikРадиои "Звезда-онлайн"
Радиои Звезда-онлайн - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ алайҳи «Звезда» - радиои вазорати дифоъи Русия, ки пахши барномаҳои худ дар Тоҷикистонро аз пойгоҳи ҳарбии 201 аз сар гирифт, ба додгоҳ шикоят бурданист.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.  «Звезда» — радиои Вазорати дифоъи Русия, ки то моҳи майи соли 2013 дар Тоҷикистон тариқи мавҷи 103.6 FM пахш мешуд, аз 25 январи соли равон дигарбора ба пахши барномаҳояш шурӯъ кардааст, иттилоъ медиҳад оҷонсии маҳаллии TojNews.

Дар ҳамин ҳол, Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфтааст, ҳамчунин иҷозаро барои пахши ин радио дар Тоҷикистон надодаанд ва ҳоло ин мавзӯъ дар мақомоти зидахл мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.   

"Иҷозати пахши барномаҳои радио ва телевизион дар қаламрави Тоҷикистон тибқи қонунгузории кишвар бояд бошад ва "Звезда" ҳеч санади расмие барои фаъолият надорад",- иброз доштааст Ҳикматов.

Радиои «Звезда» ба Ширкати радиотелевизионии неруҳои мусаллаҳи Русия тааллуқ дорад ва соли 2005 ташкил шудааст. Ба ҷуз Русия дар Тоҷикистон ва Украина пахш мешавад. Барномаҳои радиои «Звезда» тариқи мавҷи 103.6 FM аз Душанбе то вилояти Хатлон дар гузашта тариқи фиристандаҳои пойгоҳи низомии 201 — и Русия дар Тоҷикистон пахш мешуд. Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон, Маркази телевизион ва радиои пойгоҳи 201 ҳаққи пахши барномаҳояшро танҳо дар ҳудуди худи пойгоҳ дорад.

Хадамоти бозрасии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки масъули назорати пахши радио ва телевизионҳо дар Тоҷикистон аст, мегӯяд, ҳоло ба масъулини пахши "Звезда" ва ҳам дафтари марказии он ҳушдор додаанд, ки аз пахши ғайриқонунии радио дар Тоҷикистон худдорӣ кунанд ва дар ҳоли иҷро нашудани ин талаб аз "Звезда" ба суд шикоят хоҳанд бурд.

Лентаи хабарҳо
0