Истифодаи никнейми “Обама” ва “Путин” дар Чин мамнуъ шуданд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкКорбари ноутбук. Акс аз бойгонӣ
Корбари ноутбук. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тавзеъи иттилоъи дурӯғин аз номи расонаҳои саршинос, афроди саршинос ва раҳбарони кишварҳои хориҷӣ мояи нигаронии Раёсати назорат бар фасои интернетии Чин шудааст, ки истифодаи чунин никҳоро мамнуъ кард.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тахаллусҳо бо истифода аз номи ниҳодҳои давлатӣ, расонаҳо, асомии афроди саршинос ва раҳбарони кишварҳои хориҷиро дар Чин аз 1 март мамнуъ карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ниҳоди танзими интернетии Чин.

Дар хабар омадааст, ки ин тасмим дар чорчӯби иқдоми таъмини "тозагӣ дар фазои интернетии кишвар" гирифта шудааст.

"Теъдоди корбарони интернет дар Чин хеле бузург аст. Баъзеҳо аз номи расонаҳои саршинос истифода карда иттилоъи бардуруғро паҳн мекунанд; асомии афроди дигарро истифода карда ба ин тартиб ҳуқуқи қонунии онҳоро нақз мекунанд, аз ҷумла бо истифода аз номи раҳбарони кишварҳои хориҷӣ, ба унвони мисол "Обама" ё "Путин", иттилоъи бардурғро паҳн мекунанд", — омадааст дар баёнияи Раёсати назорат бар фазои интернетии Чин. Ба эътиқоди ин ниҳод, "чунин беназмӣ" дар фазои интернетӣ "ба манофеъи ҷомеъа латма ворид мекунад".
Ба ин далел, ҳамакнун тибқи қавоиди ҷадид, корбарони чинӣ муваззафанд ба унвони никнейм номеро истифода кунанд, ки ҳангоми сабти ном аз он истифода шудааст.

Қавоиди ҷадид ҳамчунин истифода аз аватар ва иттилоъи дигар, ки "ба амнияти давлтии кишвар" латма ворид ва қонуни асосиро нақз мекунад мамнуъ шудааст. Ба чунин навъи иттилоъ паҳн кардани маводди шаҳвонӣ, тундгароӣ, таблиғи бозиҳои машкук ва фоҳишагарӣ ворид шудаанд. Мақомот куллияи блогҳо, микроблогҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, бошгоҳҳои ирсоли хабарҳои фаврӣ, шарҳҳо ва пойгоҳҳои дигари интернетиро назорат хоҳад кард, менависад Синхуа. Ҳамаи сафаҳоте, ки ба ин қавоид созгор нестанд, масдуд мешаванд. Бо ин вуҷуд мақомот ваъда медиҳанд, ки низоме барои шикоят фароҳам карда мешавад, то корбарон тавонанд сафаҳоти худро дубора фаъол созанд.

Лентаи хабарҳо
0