ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II бино бар қатли халабони он кишвар Муоз Ал-Қасосбеҳ, ки аз сӯи гурӯҳи Давлати исломӣ ба оташ кашида шуд, барқияи тасаллият ирсол доштааст, менависад сомонаи расмии президент.
Дар ин нома Эмомалӣ Раҳмон амали Давлати исломиро "даҳшат" хондааст.
"Чунин амали нафратангези ғайриисломиву ғайриинсонӣ азму иродаи моро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи решакан намудани ин вабои палид, ки таҳдиде ба амнияту суботи минтақа ва тамоми ҷаҳон гаштааст, беш аз пеш афзун менамояд", — навиштааст президент.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯзи душанбе бо нашри як видео гуфт, халабони урдунӣ Муоз Ал-Қасосбеҳро зинда ба зинда сӯзондааст. Дар ин видео марде, ки гуфта мешавад Муоз Ал-Қасосбеҳ, халабони урдунист, дар як қафаси оҳанӣ дар байни оташ дасту по мезанад.
Урдун як рӯз баъд аз нашри видеои зинда ба зинда сӯзондани халабонаш Соҷида Ришовӣ, як зани ироқиеро, ки ба таҳияи ҳамлаи маргталабона айбдор мешуд, ҳамроҳ бо як ҷангии дигари ироқӣ, эъдом кард.