ВАО: даъвои паёмбарии “Шайх Темур”

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парванда дар ҳоли ҳозир алайҳи “Шайх Темур” ба баҳонаи бисёрзанӣ таъсис шуда, вале муттаҳам ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи як нафар, ки бо исми "Шайх Темур" маъруф аст ва ба қавли мақомот, даъвои "паёмбарӣ" кардааст, парванда таъсис додааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Парванда дар ҳоли ҳозир алайҳи "Шайх Темур" ба баҳонаи бисёрзанӣ таъсис шуда, вале муттаҳам ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дорад.

Телевизиони Тоҷикистон ҳам эълон дод, ки шоми ҷумъа аз зиндагии "Шайх Темур" филме пахш хоҳад кард. Дар ин эълони кӯтоҳ гуфта шуд, ки "Шайх Темур" бо истифода аз боварии сокинон ба дин, онҳоро дар ҳолати гумроҳӣ нигоҳ медоштааст. Ин нафар ҳатто духтарони ҷавони сокинонро бо тарсе, ки дуо бад мекунад, ба занӣ мегирифтааст.

"Шайх Темур"" 55 сол дошта, дар ҷамоати Работи ноҳияи Турсунзода ба сар мебарад. Аммо ӯ дар навоҳии дигари водии Ҳисор пайравони зиёд пайдо карда, дар маҷмӯъ 8 зан доштааст. Аз ҷумла ӯ дар ду деҳаи ҷамоати Сабои ноҳияи Шаҳринав ду зан дар манзилҳои алоҳида доштааст, менависад "Озодӣ".

Дар навори телевизиони, ки шоми 4 феврал пахш шуд,  сӯҳбати волидайни ҳамсарони "Шайх Темур" нишон дода шуд, ки мегуфтанд, аз тарси "дуои бад" розӣ шудаанд, то духтарашонро ба ин "Шайх" бидиҳанд. Ҳамчунин, лаҳзаҳое нишон дода мешуд, ки ин "Шайх" бо мошини қимматбаҳо аз миёни сокинон мегузарад ва сокинон мошини ӯро мебӯсиданд. Лаҳзаҳои дигар ҳам нишон медод, ки сокинон дасти ӯро мебусанд ва пуштнокӣ аз хона берун мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон шуруъ аз 3 сол ба ин сӯ даҳҳо рӯҳониро бо иттиҳомоти гуногун, асосан бо ҷурми бадрафториҳои ҷинсӣ ва ё таълими ғайриқонунии улуми динӣ, боздошт мекунанд, аммо ин бори аввал аст, ки алайҳи як рӯҳонӣ дар пайи "даъвои паёмбарӣ" карданаш парванда боз мешавад.

Лентаи хабарҳо
0