ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Чаҳор ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар ба шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд баргаштанд, менависад хабаргузории "Авеста".
"Тибқи омори расмӣ ба шаҳри Хуҷанд аз муҳоҷирати корӣ чаҳор ҳазор нафар баргаштанд", — гуфтааст шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.
Ба гуфтаи манбаъ дар шаҳрдорӣ, муҳоҷирони кории баргашта ҷойҳои корӣ дар таъсисоти сохтмонӣ ва саноатро ишғол мекунанд.
"Ҳоло дар ҳар як таъсисоти бунёдшаванда 30-40 нафар муҳоҷирони кории собиқ кор мекунанд", — зикр кард манбаъ.
Қаблан гуфта мешуд, ки муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои ҳамсуд Русияро ба далели коҳиши қурби рубл тарк мекунанд. Фарорасии мавсими ҷашнҳо, анҷоми мавсими сохтмонӣ ва таҷдиди қавонини муҳоҷират мусоидат мекунанд.
Аз 1 январи соли 2015 дар Русия барои куллияи муҳоҷирони корӣ, ба ҷуз аз муттахассисони варзида, супоридани имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия ҳатмӣ шуд.
Ҳамзамон, тибқи қавоиди ҷадид, муҳоҷирони корӣ ба ҷои саҳмия бояд муҷҷавиз дарёфт кунанд. Муҷҷавиз танҳо ба он атбоъи хориҷӣ дода мешавад, ки ҳадафи сафар ба Русияро дарёфти ҷойи кор унвон кардаанд.