ВКД: “ҳунарпешаи олами ҷиноӣ” боздошт шуд

© Sputnik / Руслан КривобокВ зале суда. Архивное фото
В зале суда. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тафтишот муайян кардааст, ки боздоштшуда Зебистон Исломова, мутаваллиди 1973, сокини ноҳияи Рашт аст, ки қаблан барои қаллобӣ маҳкум шудааст.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Як зани 42-сола бо гумони даст доштан дар тақаллубиву тамаъҷӯӣ аз сӯи Вазорати умури дохилӣ дар Душане боздошт шудааст, менависад сомонаи ин ниҳод.

ВКД ин занро "ҳунарпеша"-и олами ҷиноӣ муаррифӣ карда, афзудааст, ки ӯ гоҳҳо, худро ҳамчун муаллимаи рақси ҳиндуӣ аз Ҷумҳурии Бангладеш, ё намояндаи сафоратхона, гоҳҳо чун тоҷир ё роҳгумзадае муаррифӣ намуда, ба боварии шаҳрвандон даромада, сипас бо таҳдид, ба тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ молу амволашонро аз худ мекардааст.

"Ҳатто вақти боздошт бо лаҳҷаи мардуми вилояти Суғд ҳарф зада, кӯшиш мекард, ки кормандони милитсияро ба гумроҳӣ бурда, худро бо ному насаби "Давлатова Ҷамила аз шаҳри Панҷакент" муаррифӣ кунад", — менависад сомона.

Тафтишот муайян кардааст, ки боздоштшуда Зебистон Исломова, мутаваллиди 1973, сокини ноҳияи Рашт аст, ки қаблан барои қаллобӣ маҳкум шудааст.

"Аммо баъди раҳоӣ аз моҳи ноябри соли 2014 инҷониб гоҳе танҳо ва гоҳе бо шарикаш Абдусалом Розиқов, мутаваллиди 1959, сокини шаҳри Душанбе, ба ҷинояткорӣ машғул будааст", — омадааст дар сомона.

Мақомоти тафтишотӣ чанд ҳодисаро мисол овардаанд, ки бо иштироки Исломова содир шудаанд. Исломова тахминан моҳи ноябри соли 2014 худро роҳгумзада ва шабмонда нишон дода, барои қазои ҳоҷат вориди қаровулхонае дар ҳудуди Терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе («Автовокзал») шудааст.

"Аммо Исломова бо баҳонаи он ки шаб асту ҷойи рафтан надорад, аз посбон Раҳмонов А. хоҳиш мекунад, ки ӯро то субҳ ҷой кунад. Он шаб посбонро ба ҳамхобагӣ моил карда, рӯзи дигар, ҳамроҳи шарикаш Абдусалом Розиқов ба назди Раҳмонов омада, таҳдид мекунанд, ки агар ба онҳо маблағи пулӣ надиҳад, оиди дастдарозӣ ба номус ӯро беобрӯ карда, сипас ба мақомоти корҳои дохилӣ арз хоҳанд кард", — менависад сомонаи ВКД.

Посбон ба Исломова 3000 сомонӣ медиҳад. Аммо тамаъҷӯён ба ин қаноат накарда, то моҳи феврали соли ҷорӣ аз Раҳмонов маблағи 14 100 сомонӣ мерӯёнанд.

Пулис мегӯяд, ҷабрдидаи дигари Исломова сокини 44-солаи ноҳияи Ҳисор Шеров Ш. мебошад, ки бо ҳамин усул аз ӯ 4500 сомонӣ пули нақдро тасарруф намудааст.

Ҳодисаи сеюм: Исломова дар дохили микроавтобуси шаҳрӣ бо шаҳрванд Гулова Д., сокини шаҳри Ваҳдат шинос шуда, бо ӯ бо забони тоҷикии монанд ба ҳиндӣ гап зада, худро муаллимаи рақси ҳиндӣ муаррифӣ мекунад. Исломова илова мекунад, ки аз Ҷумҳурии Бангладеш буда, дар Сафоратхонаи Ҳиндустон кор мекунад. Гуфтааст, вай намедонист, ки зимистони Тоҷикистон сард аст ва ба ин далел бо либоси тунук сафар кардааст.

"Бо ин мақсад ба боварии Гулова Д. даромада палтои қимматноки ӯро соҳиб гардида, мебинад, ки дар ҳамёнаш пули зиёд дорад. Сипас 400 сомониашро гирифта ваъда медиҳад, ки пулашро бо изофа бармегардонад", — хабар медиҳад сомона.

Ҳодисаи чорум: Исломова худро шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ намуда, ба боварии Холов К., сокини ш. Душанбе даромада, хонаи ӯро, ки пардохти маблағи иҷорааш 1000 доллари амрикоӣ аст, ба маблағи 1200 доллари амрикоӣ ба «иҷора» мегирад. Сипас, гӯё ҷобаҷогузории ҷиҳози хона ба ӯ маъқул набуда, аз Холов К. хоҳиш мекунад, ки хонаро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намояд. Шаҳрванд Холов К. ҳуҷҷатҳои хонаашро ба гарав монда, аз бонк пули калон қарз гирифта, "мебел" ва дигар анҷомҳои қимматнок мехарад…

Аммо дар ин миён ҳангоми як амалиёт Исломова, ки зери шубҳаи кормандони милитсия қарор гирифтааст, боздошт шудааст. Феълан алайҳи вай парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти ин ва ҳодисаҳои дигар идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0