Яке аз ширкатҳои Фридман ба додани $19 миллион ришва муттаҳам аст

© Sputnik / Валерий Левитин / Гузариш ба медиабонкГулнора Каримова. Акс аз бойгонӣ
Гулнора Каримова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои марбут ба духтари раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар маркази бозрасии байналмиллалӣ қарор гирифтаанд. Мақомоти чаҳор кишвар талош доранд, ки далоили тиҷорати ноадолатонаи онҳоро собит созанд.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Яке аз ниҳодҳои марбут ба тоҷири маъруфи рус Михаил Фридман дар амали тиҷоратии машкук, ки эҳтимолан бо Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури Ӯзбекистон сурат гирифтааст, муттаҳам аст, хабар медиҳад CA-News бо истинод ба Forbes Русия.

Сухан дар бораи $19 миллион дар соли 2006 аз сӯйи ширкати Aqute Holdings & Investments, ки ба "Алфа-групп"-и Михаил Фридман таллуқ дорад меравад, ки ба ширкати Talikant, ки шарики Vimpelcom дар Ӯзбекистон асту эҳтимолан аз сӯйи духтари раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Гулнора Каримова назорат мешавад, интиқол шудааст. Дар ин бора нашрияи Dagens Naeringsliv Норвегия бо истинод ба манобеъи пулис хабар додааст.

Мақомоти Швейтсария, Голландия, ИМА ва Шветсия нисбати Takilant таҳқиқот анҷом дода ва барои воқеъан таҳти назорати Гулнора Каримова қарор доштани ин ширкат талош доранд.

Пулиси Голландия талош дорад собит созад, ки дар маҷмӯъ Takilant аз ду ширкати мухобиротӣ дар Ӯзбекистон — Vimpelcom ва TeliaSoneraи Шветсия ва Финляндия $248 миллион ришва гирифтааст.

Дар оғози соли 2013, идома медиҳад муаллиф, ширкати ҳуқуқии Mannheimer Swartling, ки аз сӯйи TeliaSonera ҷалб шуда буд, муқаррар кард, ки зимни вурд ба бозори Ӯзбекистон TeliaSonera муҷҷавизи 3G, муқаррароти фазоӣ ва шумораҳо барои ширкати ӯзбекистонии худ Coscom у Takilant ба даст оварда қисман бо саҳмияҳои ин ширкат пардохт кардааст.

Ҳуқуқдонҳо натавонистанд собит кунанд, ки TeliaSonera ба афроди наздик ба Каримова ришва додаанд, вале раиси ширкат Ларс Нюберг аз ширкат барканор шуд.

"Vimpelcom бо Takilant аз соли 2007 то соли 2009 иртибот дошт ва ба ҳисоби ин ширкат $57,5 млн интиқол кардааст. Дар ин замон Vimpelcom барои фаъолият дар Ӯзбекистон муҷҷавизи 3G ва LTE фазоҳо дарёфт кардааст. Дар моҳи марти соли 2014 кормандони додситонии Голландия аз дафтари марказии ширкати Vimpelcom дар Амстердам аснодеро забт карданд, ки ба фаъолияти ин ниҳод дар Ӯзбекистон иртибот дошт", — зикр шудааст дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0