ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Кохи сафед алайҳи корхонаҳои тавлидоти дифоъии Русия таҳримоти ҷадидро ба манзури "ҳасуди оддӣ ва тарсу ҳарос" роҳандозӣ мекунанд, гуфтааст муовини нахуствазир Дмитрий Рогозин, менависад РИА Новости.
"Таҳлили иқдомоти ИМА дар робита ба таҳримот алайҳи корхонаҳои саноъатии дифоъии Русия нишон медиҳад, ки маҳдудиятҳои риқъатовар алайҳи он корхонаҳои мо роҳандозӣ мешаванд, ки кайфияти тавлидоти онҳо аз тавлидоти мушобеҳи амрико баландтар ва ё ҳадди ақал кам нест", — навиштааст вай дар сафҳаи худ Twitter.
Объявляя новые санкции против ОПК России, США демонстрируют панику Read: http://t.co/THsss4IhwY
— Dmitry Rogozin (@Rogozin) 5 февраля 2015
Муовини нахуствазир шарҳ надодааст, ки сухан дар бораи кадоме аз таҳримҳо меравад.
Рӯзи панҷшанбеи 29 январ баъд аз поёни дидори вузарои хориҷии кишварҳои узви ИА вазири хориҷаи Олмон Франк Вальтер-Штайнмайер изҳор дошт, ки Иттиҳодияи Аврупо метавонад таҳримот алайҳи Русияро тақвият бидиҳад.