Намояндагони СПАД масоили муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Михаил Мордасов / Гузариш ба медиабонкАмалиёти маъмурони ХФМ (ИМР). Акс аз бойгонӣ
Амалиёти маъмурони  ХФМ (ИМР). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бораи таъсиси низоми минтақавӣ дар низоми СПАД дар умури кор бо афроди дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ ва паноҳҷӯён ва ҳамчунин ба нақшагирии амалиёти муштарак дар сурати вуруди оммавии гурезаҳо аз Афғонистон шунида хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Аъзои СПАД рӯзи панҷшанбе таҳти раёсати мудири ХФМ (Хадамоти федералии муҳоҷират) Константин Ромодановский масоили марбут ба муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ширкаткунандагони ин ҷаласа мавзӯъи дар чорчӯби СПАД ташкил ва гузаронидани амалиёти муштараки фаврӣ, ҷилавгирӣ ва амалиёти вижа барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ зери унвони шартии "Нелегал-205", гузориш дар бораи фаъолияти Комиссияи Авруосий дар арсаи муҳоҷирати корӣ ва имкониятҳои ҳамкорӣ бо СПАД ва ҳамчунин мавзеъоти умумӣ дар ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар робита ба оғози фаъолияти ЕАЭС мешунаванд", — гуфт сухангӯйи СПАД Владимир Зайнетдинов.

Ба гуфтаи вай, сухан ҳамчунин дар бораи қавоиди ҷадиди муҳоҷират рафта, гузориш дар бораи таъсиси низоми минтақавии СПАД барои кор бо афроди паноҳҷӯй, паноҳҷӯён ва ҳамчунин масъалаи таҳияи амалиёти муштарак дар сурати вуруди оммавии паноҳҷӯён аз Афғонистон баррасӣ мешаванд.

Дар кори ҷаласа дабири кулли СПАД Николай Бордюжа, масъулони ниҳодҳои зидахли кишварҳои узви СПАД дар умури муқобала бо муҳоҷирати ғайриқонунии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва дафтари намояндагии Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Москав ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0